Ба гармшавии ҳаво талаботи ҷисми инсон ба нӯшокиҳои ширин ва яхмосу дигар хӯрданиҳои лазиз меафзояд.
Имрӯз мо ба шумо тарзи тайёр кардани як ширинии махсуси тбистонаро ёд медиҳем, ки натанҳо лаззатбахш, балки бари салматӣ низ фоидаовар мебошад.
Маҳсулоти лозима:
400г малина, 50г шакари кӯфта, 500г фалла (творог), 100г йогурт, шакар,
25г шоколади сиёҳ.
Тарзи таҳия:
Малинаро ҷудо кунед, агар зарур бошад, онро шӯед. 300г малинаро бо шакари кӯфта бо миксер лат занед. Фалларо бо йогурт, ними малинаи кӯфта омезеду шакар андозед. Дар даруни стаконҳои баланд бо навбат фаллаву пюреи малинаро андозеду 30 дақиқа дар яхдон нигоҳ доред ва аз болояш шоколадро майда кунед.