Дар Лондон ҳавзи ғайриодиро ба истифода доданд. Ҳавзи мазкур дар баландии 35 метр байни ду бинои истиқоматӣ қарор дорад.
Умқи «Ҳавзи фазоӣ» 3 метр ва паҳноиаш 25 метр буда, вазнаш бо об 400 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳавз аз моеи беранги шаффоф сохта шудааст ва ҳангоми шиноварӣ дар одамон ҳиссиёте пайдо мегардад, ки гӯё дар фазо шино доранд.
Дар он чанд намуди рӯшноидиҳӣ, майдони барои фароғат мувофиқ, қаҳвахонаи садафак ва ҳатто, гулхона низ мавҷуд аст. Воқеан, дар ин баландӣ танҳо истиқоматкунандагони ин шаҳрча метавонанд оббозӣ намоянд ва бинобар ин, нархи хонаҳои назди ҳавз аз ним миллион доллар шурӯъ мегардад.