Салом хонандагони гиромиқадри сомонаи Оила. ТЧ!
Мехоҳам имрӯз дарди дили худ ва бемории аслии ҷомеаи имрӯзаро ба шумо қисса кунам.
Рӯзи истироҳат апаам аз хонаи шавҳараш омада, хост, ки ба ягон ошхонаи шаҳр барои хӯрдани сихкабоб равем. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда аз бародарам пул гирифтем ва хурсандона ба як ошхона рафтем, вале айши моро се-чор ҷавони беадаб барбод дода, таъбамонро хеле хира гардониданд.
Дар ошхонаҳои мо маъмулан утоқҳои ба ҳам хеле наздик сохташуда ҷойгиранд, ки мизоҷон метавонанд рушану фаҳмо садои одамони дигар кабинаро шунаванд.
Дар айни хӯрдани сихкабоб аз утоқи паҳлӯи аввал садои баланди пурсупосу салому алейк баланд шуд, баъд ошхона табдил гашт ба ҳақоратхона. Он ҷавонҳо касеро ғайбат карда, ба ҳафт пушташ ҳақоратҳои гӯшношунид мефиристоданд.
Мо бо саросемагӣ хӯрокхӯриро тамом карда, аз ошхона бадар рафтем.
Ба ин гурӯҳ бадбаҳонҳо сухани нек таъсир намекунад, аммо ба ҳар ҳол, тариқи сомонаи Оила. ТЧ ба ҷавонон гуфтаниям, ки фарҳанги одобу рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро ёд гиранд ва бо суханони ноҷо табъи дигаронро хира насозанд.
Шаҳодат аз Душанбе