Ман як марди зандор маҷбур шудам аз рӯи занам ба шумо шикоят нависам. Чанд сол қабл волидонам маро бо як хеши дурамон оиладор карданд.
Дар аввал зиндагиамон бад набуд, вале баъди фарзанддор шуданамон волидонам хонаву дари моро ҷудо карданду зиндагии ман якбора ба дӯзах мубаддал гашт. Шояд занам аз чашми волидони ман метарсид, ки дар хонаи мо хапу дам мегашт. Ҳоло бошад, нағмаи нав бароварда, “маро ба “КФС” бару бароям питса биёр” гуфта,мудом эркагӣ мекунад.
Ба болои ин бозоргардиро дӯст медорад. Ҳар ҳафта “ман ба бозори Корвон меравам” гӯён, ҷонамро ба лабам меорад. Падари ман дар вақташ сағера калон шуда, азоби зиёдеро паси сар карда бошанд ҳам, бо меҳнати худ соҳиби нону ном гаштанду моро ҳам дар ҳамин руҳия ба воя расониданд, барои ҳамин рафтори занам маро девона мекунад.
Ин зани бефаросат фикр намекунад, ки агар ҳар рӯз ин қадар пул сарф кунем, ман роҳамро дар зиндагӣ гум мекунаму аз ҳама қарздор мешавам. Ҳамин ки ӯро насиҳат карданӣ шавам, “фалон ҳамсоя чунин харидаасту фалон ҳамсояро шавҳараш ҳар рӯз ба тарабхона мебарад” гӯён, бепулии маро сад бор таъна мекунад. Эҳсос мекунам, ки дигар тоби чунин зиндагиро надорам.
Намедонам бо ин зани беақл чӣ кор кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
С.