-Ман, Бозорова Башорат аз ноҳияи Варзоб (ном ва суроғаи шартӣ) ҳастам. Шукри Худо ба 71 даромадам ва то имрӯз ба ҳеҷ беморие гирифтор набудам. На дарди меъда, на фишорбаландӣ ва на бемории дилу қанд. Вале ғаму ғурбати писарам маро бемор кардааст.
Дигар ҳатто барои ҷамъ кардани ҷойи хобам зӯрам намерасад. Ҳамроҳи писари калониам дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунем. Ӯ маро лату кӯб намекунад, дашном намедиҳад, вале аз ҳад зиёд менӯшад. Бист сол пеш ҷавони намозхону ботавфиқ буд, вале якбора ба ӯ чӣ шуд, намедонам. Тамоман тағйир ёфтааст. Инак, бист сол мешавад, ки кораш фақат арақнӯшӣ. Оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст. Ман бошам, дар мобайни ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар мондааму чӣ кор карданамро намедонам. Аз пушти писарам, келинам маро чашми дидан надорад. Фақат як гап дорад: ё хона харида медиҳед ё худатон баромада дафъ шаведу ин хонаро холӣ кунед, ки ягон нафаратонро набинам. Дар урфият мегӯянд, «Девона гурез, ки маст омад». Писарам сархуш ба хона меояду ҳоли ӯву ҳамсарашро худатон тасаввур кунед. Келинам чӣ гапҳои қабеҳу дағал мегӯяд, забонам намегардад, ки талаффуз кунам. Як духтари 22-солааш бемории рӯҳӣ аст. Ӯ ҳам падарашро чашми дидан надорад. Ҳама фарзандон аз падар безор. Ҳамин, ки диданд, «Дафъ шав, гум шав, мо туро дидан намехоҳем» гуфта, падарашонро аз хона пеш мекунанд.
Худо, ки нахоҳад, намекуштааст. Аз ин гуна моҷароҳои зиндагӣ дилгир шудаам, бачам. Куҷо равам, дардамро ба кӣ гӯям? Медонам, ки рӯзе мемирам, аммо кай? Як не, ду не, 15 сол мешавад, ки дар хонаи мо як рӯзи оромӣ нест. Ҳар рӯз як мушкилот, як моҷаро. Пуле надорам, ки як кулбаи хоксорона харида, зиндагии писарамро ҷудо кунам. Худоро шукр, ки ман ёру ошно дорам, хоҳару бародар дорам, ки дар фикри ман ҳастанд. Мегӯянд, ки биё ҳамроҳи мо зиндагӣ кун, лекин ман наметавонам. Чӣ тавр хонаву дари худро гузошта равам? Ин хона ба ман аз падарам мерос мондааст. Худамро ҳаромкуш карданӣ нестам. Намехоҳам, ки даст ба худкушӣ зада, охиратамро сӯзонам. Дар баробари ин, намехоҳам, ки миёни писару келинам ҷангу хунрезӣ шавад. Ба ҳама мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам, ки писарамро бурда ҳабс кунанду ҷони ман халос шавад, лекин барои ин кор онҳо асос пайдо накарданд. Келин бошад, «Дилат намешавад, ки писаратро аз худат дур кунӣ» гуфта, маро безор аз ҷон кардааст. Аз дасти ин келини шаттоҳ рӯзам ба шаби тор табдил ёфтааст. Ҳафтаи гузашта писари хурдиям, ки ҳамроҳи оилааш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад, ба хабаргириям омада буд. Ҳамроҳаш ба Вазорати корҳои дохилӣ занг зада, масъаларо фаҳмондем. Аз вазорат ба нозири минтақавӣ супориш шудааст, ки омада тафтиш кунанд. Омаданд, диданд, шуниданд, лекин барои ҳабс кардан асосе пайдо нашуд. Аз раиси маҳалла сар карда, то ҳамсояҳо ҳама аз моҷарои оилавии мо хабар доранд. Дар назди дӯсту душман сарамро боло карда наметавонам.
Чор фарзанд доштам. Як духтарам 27 сол пеш, дар синни 16-солагиаш вафот кард. Як писарам ҳамроҳи оилааш дар хонаи иҷора зиндагӣ дорад. Зиндагиаш хуб, вале ҳамин қадар мушкилӣ дорад, ки иҷоранишин аст. Духтарам низ оиладор, соҳиби фарзанд ва ӯ ҳам иҷоранишин. Домодам он қадар марди чаққон нест, вале ба ҳар ҳол зиндагиро пеш бурда метавонад. Ҳамин писари калониам ҳамроҳи ҳамсари шаттоҳаш маро зиндагибезор кардааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки дӯсти волидайн ҳам фарзанд асту душманаш ҳам. То ба идораи шумо омада расидан, дар роҳ хеле фикр кардам, ки ба чӣ рӯз расидаам. Кӣ будаму кӣ шудам!? Ман худам одами бесавод нестам. Маълумоти олӣ ва 45-сола собиқаи корӣ дорам. Вале нафақаи ночиз мегирам. Бо 400 сомоние, ки давлат ба ман медиҳад, коре карда намешавад. Наметавонам, ки бо ин маблағ хонаеро иҷора гираму писару келинамро ҷудо кунам. Хешу табор кӯмак мекунанд, фарзандҳои падар ёрӣ мерасонанд, келин боз норозӣ. Оилаи моро «пуштгушна» гуфта, таъна мекунад. Аз даҳонаш калимаи шукрро боре нашунидаам. Асабҳои писарамро вайрон мекунад ва бо ҳамин моҷаро сар мешавад. Мушкилиҳо рӯз то рӯз зиёдтар шуда истодаанд. Аз дасти таънаҳои келин, духтару писарам дер-дер ба хона меоянд. Онҳо ҳам ба сари худашон бало харидан намехоҳанд. Бе ин ҳам номашон бад шудааст. Ба гуфти келинам, духтарам қанчиқу писарам ноуҳдабарои иҷорашин. Худам «мусор»-и сари «поворот» шудаам. Ба андозаи як латта қадр надорам.
Ман фарзандонамро бепадар калон кардаам. Вақти вафоти шавҳарам писари калониам 6-сола буд. Бо нони ҳалол ҳамаи онҳоро ба воя расонидаму оиладор кардам. Як зани танҳо аз ин зиёд коре карда наметавонад. То имрӯз касе аз одобу ахлоқи фарзандонам шикоят накарда буд. Шикоятро фақат аз даҳони келинам мешунавам. Дар вақташ тамоми маҳалла ҳаваси маро мехӯрд, ки чӣ қадар тозаву озода ҳастам. Баъзеҳо шӯхикунон холаи «чистинка» ҳам мегӯянд. Ба келинам гуфтам, ки соҳиби 5 фарзанд шудиву нав ақлат кор кард? Чаро пештар лаҷоми шавҳаратро накашидӣ? Чаро дидӣ, ки кор намекунад ё ба хона сархуш меояд, ба падару модарат хабар надодӣ? Чаро онҳоро даъват карда, ин масъаларо ҳал накардӣ? Чаро вақте ки фарзанд надоштӣ, ҷудо нашудӣ? Акнун бо ин панҷ фарзандат ба куҷо меравӣ? Имрӯз омада, аз гиребони ман мегирад, ки ту ба писарат тарбияи хуб надодаӣ. Фарзандони ман бо тарбияашон намунаи ибрат буданд. Мардум боҳавас менигаристанд, ки як бевазан чӣ қадар фарзандони хушахлоқ тарбия кардааст. Дар оила ҳама чиз ба падару модар вобаста нест. Зан ҳам бояд аз уҳдаи идора кардани шавҳар барояд. Мардро мард мекунад, зан мекунад, номард ҳам мекунад, зан мекунад. Ҳама кори аз дастам меомадаро кардам, ҳатто розӣ шудам, ки писарамро туҳмат карда, ҳабс кунанд, ки аз ҳамин келин халос шавам, аммо… Агар оиладории писару келинамро 30 сол шуда бошад, 15 сол боз муноқишаҳои оилавии онҳо давом дорад.
«Кампири лаънатӣ, бар падарат лаънат, ки моро ба ҳамин хона овардӣ»,-мегӯяд набераи беморам. Ӯ аз модараш бадтар аст. Бемор гуфта, чизе намегӯям. Аммо то кай хомӯш истам? Ҳама чиз ҳад дорад. Писарам кор мекунад, вале пули ёфтаашро ба арақнӯшӣ сарф мекунад. Писараш ҳоло хурд аст. Нафари кор мекардагӣ надорем дар оила. Ба келини ман Худо фақат гап додааст. Намешавад, ки мисли дигар занҳо кор карда, зиндагиашро пеш барад? Мешавад! Лекин намехоҳад, чун ба бекорӣ одат кардааст. Аз дасти ман дигар ҳеҷ кор намеояд. Дар қади кӯча нишаста, гадоӣ кунам? Охир, наметавонам. Дӯсту душман ба ҳолам механданд. Ягона умедам ба ҳамин нафарони хайрхоҳу саховатманд. Ба ман кӯмак кунанд, ки як сарпаноҳ харида, писару келинамро ҷудо кунам. Хубу ганда рӯзи худам мегузарад, муҳим зиндагии писарам ором бошад. Либоси куҳна мепӯшам, шикамсерӣ хӯрок намехӯрам, аммо бо дастгирии шахсони саховатманд ба писарам як дар кӯлба гирифта додан мехоҳам. Охирин нафасамро дар хонаи худам, дар оромӣ паси сар кардан мехоҳам. Аз моҷарои зиёд хаста шудаам. Ба моҷарояшон шарик шавам, келин мегӯяд, ки ту ҷангандоз ҳастӣ, худро канор гирам, мегӯяд, ки аз дур истода, тамошо мекунӣ. Ӯ бо тамоми санъаташ ҳарф мезанад, ки ман бо ҳамин маълумоти олиям назди вай ҳеҷам.
Аз «Оила» умеди калон дорам. Ба ҳамин камбағалиям нигоҳ накарда, ҳар ҳафта харида мехонам. Ба қавле, хонандаи ҳамешагиаш ҳастам. То саҳифа ба саҳифа нахонам, газетаро ба дигарон намедиҳам. Дар хона маро чашми дидан надоранд, лекин газетаро, ки харида барам, ба сарам меоянд. Бигзор хонанд. Шояд рӯзе ақлашон ба сарашон меояд. Моҳи Рамазон ҳам дар пеш аст. Нафароне, ки хайру кӯмак кардан мехоҳанд, ба рақамҳои ман 915352849 занг зананд, кам ҳам бошад, кӯмакам кунанд. Ҳамеша дар ҳақашон дуо мекунам. Дар лаҳзаҳои вазнин маро дастгирӣ кунанд, Худо дастгириашон мекунад. Ман як зани танҳо, дигар такягоҳ надорам. Маро аз чанголи келинам раҳонед!
(Ному насаб ва суроғаи аслии ин нафар дар идораи ҳафтанома маҳфуз аст.)