Ин субҳ ба идораи сомонаи "Oila.tj" якчанд нафар истиқоматкунандагони шаҳри Истаравшан тамос гирифта, аз гароншавии нархи дору, бепулӣ ва паҳншавии пневмания шиква карданд.
Шикояти эшон ба беназоратии Вазорати тандурустӣ ва комиссияҳои назораткунандаи шаҳрӣ, ки сари вақт аз аҳволи дорухонаҳо хабар намегиранд, қимматии нархи дорухонаҳо назорат намекунанд, рабт дорад.
Як истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан бидуни овардани ному насабаш қайд кард, ки “мардумро пеш аз маргаш накушед! Нархи дору дар осмон, аптекаҳо пур - пури одам, аз интизорӣ дар ин моҳи шарифи Рамазон дилтанг шудем. Нархи як дона прасетемол як моҳ пеш 80 дирам буд, имрӯз бошад аз 3 сомонӣ то 4 сомонӣ арзиш дорад. Спирт бошад, 1 –2 сомонӣ то кунун буд, ҳамин, ки байни мардум миш - миши ҳар гуна бемориҳо пайдо шуд, нархаш ба 10 сомонӣ расид. Ин чӣ гап? Касе ин доруфурӯшҳои тиҷораткорро назорат намекунад? Як ман не, ҳамаи мардуми Истаравшан аз набудани доруҳо меноланд. Аптекаҳои воҳимаву доруфурӯшон лаҷоми савдоро ба даст гирифта, бо фуки сих ба рӯи мардуми камбағал нигоҳ мекунанд. Инаш дарди бахайр.
Беморхонахо пур - пури бемор, ҳамагӣ илтиҳоби шуш доранд. Соат ба соат мардум ба ин беморӣ гирифтор шуда истодаанд. Пушти дари ренгин одамборон аст. Ду рӯз навбат меистӣ, боз пули калон сарф карда, аз ташхиси духтурҳо мегузарӣ. Охир, мардуми бечора пул надорад, шароиташон вазнин, муҳоҷирон дар хона дар карантин, кор намебароянд. Ягон кас ба доди мо камбағалон мерсида бошад? Охир, мо бесоҳиб нестем, Ҷаноби Олӣ дорем. Чаро муҳри хомӯшӣ ба лаб зада, мӯйро аз хамир ҷудо намекунанд? Илтимос, боз ҳам илтимос, дар ҳамин шароит мардуми камбағалро дастгирӣ кунед. Ин вазифаи шумост!
Зебохон низ истиқоматкунандаи ин шаҳр буда, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳукумати шаҳр хоҳиш дорад, ки нисбати нарху навои дорухонаҳо чорандешӣ кунанд. "Комиссияҳои назоратиро боқувваттар намоянд. Тоқатамон тоқ шуд, пулу пайсаи доштаамон сарфи дорухарӣ мешавад. Барои ман не, барои халқи бечора раҳм кунетон!"
Чанд муддат пас, видеои суҳбати моро бо шаҳрвандони шаҳри Истаравшан бобати ин мавзӯъ дар ютюбканали Oila.tj тамошо намоед!