Commerce bank may-june 2026
Шикояти келини сарпаст аз “генералкампир” (ҚИСМИ 1)
431

Салом ба аҳли қалам ва ҳамаи ҳаводорон! Ростӣ, ман аз касе шикоят карданӣ ҳам нестаму касеро мазаммат кардан ҳам намехоҳам, аммо дар зиндагӣ мушкиле дорам, ки чанд сол боз азобам медиҳад, фақат мехоҳам диламро назди шумо холӣ кунам. Шояд нафаре ба вазъияти ман гирифтор асту маслиҳатам медиҳад…

Эркадухтари бибӣ

Падарам аз саратони ҷигар хеле ҷавон фавтидааст, ман ӯро ёд надорам. Модарам мегӯяд, ки бибиву бобои падариям медонистаанд, ки писарашон бемор аст ва умраш кӯтоҳ, аз ин рӯ ӯро хеле барвақт оиладор кардаанд, то аз вай нишонае дар рӯйи дунё бимонад. Чун падарам аз олам мегузарад, бибию бобоям дар ғами фарзанди ҷавонмаргашон пасопеш ин даҳри дударро тарк мекунанд ва мани ятимак бо модарам ба хонаи бобову бибии модариям бармегардем. Модарам хеле ҷавон будаасту шавҳар карда, аз нав хони бахташро бино мекунад, аммо бибии модариям маро ба ӯ намедиҳад. Намехоҳад, ки набераи нахустинаш пеш-пеши пойи падарандар шавад.

Аслан падарандарам он қадар одами бад набуд, аз зани аввалаш, ки рус будааст, фарзанд надошт ва ҷудо шуда ба модари ман хонадор мешавад. Модарам барои ӯ ду писар, додаркони нозанинам Шаҳболу Шаҳбозро ҳадя карда буд. Падарам марди дорою мансабдор буд ва маро тилодухтар меномид. Дӯстам медошт, ман ба хонаи онҳо мерафтаму муддатҳо бо додараконам мемонадам, аммо бибиву тағоҳоям боз маро меоварданд. Модарам духтари ягона буду панҷ тағоям ӯро хеле зиёд дӯст медоштанд, маро ҳам эркаву болонишин мекарданд. Беҳтарин либосҳоро мепӯшидаму тамоми фармонҳоямро иҷро мекарданд. Тағоҳоямро зан додему аввалин насиҳати модаркалонам ба онҳо ҳамин буд, ки агар хоҳед ман аз шумо хафа набошам, қадри духтарамро донед. Зиндагиям дар зери боли пурмеҳру муҳаббати пайвандонам идома дошту оҳиста-оҳиста ба воя расидам.

Домоди худӣ

Тағоҳоям ба хондани духтар зид буданд, бинобар ин, донишу саводи хуб дошта бошам ҳам, баъди хатми мактаб майли хондан накардам, пеши зани тағои калонам шогирд нишаста, дӯзандагӣ омӯхтам.

Як додари бибиямро дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданду ҳамсарашон як писар дошта бошанд ҳам, дигар шавҳар накардаанд. Ана ҳамин хешамон барои писари яккаву ягонаашон ба ман хостгор шуданд, чун ҳурмату эҳтироми янгааш дар назди бибиям бузург буд, бо ҷону дил маро ба писаи додари ҷавонмаргаш дод. Ҳамсарам Навид ҷавонмарди таҳсилдида, боодоб, соҳиби ҷойи кори хуб буд ва мо зиндагиро хеле ширин оғоз намудем.

Ёд дорам, вақти хостгорӣ омадани модари Навид тағои хурдиям норозигӣ карда, гуфтанд:

- Оча, янгаатон одами хуб, вале Навид «бачаи оча» аст, мудом ҳамроҳи модараш, аз вай маслиҳат мепурсад, мустақил нест. Ҳамин бечора Ёдгораи мо на аз падар осудаасту на аз модар, боз ба азоб гирифтор нашавад?!

Бобоям нав аз дунё гузашта буду бибиям хеле асабӣ буд, ӯ ашк рехту тағоямро носазо гуфт ва дигар касе дахолат накард. Ман баъдтар ба суханҳои тағои хурдиям сарфаҳм рафтам, вале алакай дер шуда буд.

(Давом дорад)

ЁДГОРА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД