Sebiston new 2024 october
Шикояти келини камбағал аз хушдомани сарватманд
2381

Салом ба ҳаводорони сомонаи Оила. ТЧ
Ман Мадинаи бадбахт, зодаи Панқакенти бостонӣ ҳастам. Соли 2007ба шавҳар баромада, модари се фарзанди гул барин зебою нозанин гаштам, вале бахт ба рӯям нахандид. Аниқтараш волидони шавҳарам бачаҳои бегуноҳи маро зӯран аз падарашон ҷудо карданд.
Гуноҳи ягонаи ман дар назди аҳли хонаводаи шавҳарам он буд, ки духтари як марди камбағалам, онҳо бошанд, одамони бою бадавлатанд. Хушдоманам мехостааст аз ягон хонаводаи мисли худашон доро келин бигирад, вале шавҳарам маро дида, ошиқи зор мешавад ва мисли Маҷнун ду пояшро ба як мӯза андохта “ҳамин духтарро ба ман хостгорӣ кунед” гуфтааст. Онҳо ба хотири наранҷонидани дили писарашон маро келин карда бошад ҳам, баъди тӯй рӯзамро сиёҳ карда, имкон надоданд, ки як нафаси озод кашам.
Аз рӯзе, ки ба он даргоҳ келин шудам ба қавле на рӯз дидам, на рушноӣ, доимо хушдоманам маро гадодухтар гӯён таъна мезад. Дар ин оила гӯё касе номи маро намедониста бошад, фақат “Гадодухтар” гуфта, садоям мекарданд, вале ба хотири он ки зиндагиам вайрон нашавда, гӯшамро ба карӣ зада мегаштам.
Ҳамин тавр бо ин ҳама дорумадор 6 сол оиладорӣ кардам, вале баъди он ки фарзанди дуюмам ба дунё омаду шавҳарам Русия мардикорӣ рафт, рӯзи сиёҳи мани бебахт боз ҳам тиратар гашт. Аз субҳ то шм хари барин кор кунам ҳам, хусури занмиҷозам доим ба писараш занг зада, телефонӣ аз ин шикоят мекард, ки занат моро ҳурмат намекунад, танбал аст, чалфас аст ва ғайраву ҳоказо. Ҳамин ғаммозии падаршӯям боис гашт, ки оқибат оилаи мо рӯ ба вайронӣ оварад.
Баъди баргашти шавҳарам волидонаш “ду пой дар як мӯза” андохта, талаб карданд, ки ҳарчи зудтар маро аз хона ронад. “Талоқи занатро деҳ” гуфта, гуфта, падару модараш имконият надоданд, ки бечора шавҳарам ҳатто “гуноҳ”-и маро пурсаду аниқ кунад.
Хуллас, бо амри волидонаш шавҳарам маро талоқ дод, ҳарчанд дилаш ба бачаҳяш кашол буд ва умуман фикри ҷудошавиро дар сар надошт.
Баъди аз ман халос шудан хушдоманам дар байни як ҳафта аз як оилаи бою бадавлат арӯси табъи дилашро ёфта, писарашро зани духтар дод, вале шавҳарам, ки дили зиндагӣ кардан надошт, бо зани ҷавонаш ҳатто як моҳ ҳам заношӯйи накарда, талоқашро дод.
Падари фарзандонам то ҳол аз падару модар ва хешовандонаш пинҳонӣ ба хонаи мо меояд. Хушдоманам гӯё дар назди ман будани писарашро ҳис мекарда бошад, ҳамин ки шавҳарам аз дар даромад,занг зада, дар куҷо будани ӯро мепурсад. Бечора шавҳарам аз тарс доимо бардурӯғ “ман дар назди ҷӯраҳоям” мегӯяд. Қаҳрам омада баъзан мегӯям, ки чаро пинҳон мекунед, охир ошкоро гӯед, ки ман дар назди зану бачаҳоям ҳастам, вале мардакам мегӯяд, ки агар модарам фаҳмад, ки назди ту омадам, маро оқ мекунад.
Хушдоманам боз дар фикри келинкобӣ афтодааст ва духтараки зебоеро аз ягон оилаи серпул ёфта, писарашро бори сеюм зан доданист, валеман хуб медонам, ки шавҳарам зан гирад ҳам, боз ба назди ман меояд, чунки мо ҳамдигарро сидқан дӯст медорем. Модаршӯям дар назди писараш шарт монда гуфтааст, ки ман занатро бо як шарт ба хона роҳ медиҳам, агар биёяд, мисли саги дайду о хири умраш фақат дар подвал зиндагӣ мекунад!
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Ба хотири фарзандонам ба ҳама таҳқирҳо тоқат карда, ба хонаи хушдоманам баргардам ва то нафаси охирин дар падвал умр ба сар барам ё ба тақдир тан дода, аз баҳри шавҳарам гузарам?
Мадина аз Панҷакент

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД