Суман 18 сол боз дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи шавҳари дуюмаш зиндагӣ дорад. Аз ин зиндагии якҷоя онҳо соҳиби шаш духтар шуданд. Бинобар ба нақли зан давоми 17 соли якҷоя умр дидан ақаллан як рӯзи хуш надид ва ҳамеша аз шавҳари ҳоҷиаш дашному ҳақорат мешуниду пайваста мушту шатта мехӯрд.
Тафсилоти бештари рӯзгори ин зани дар чороҳаи ҳаёт ҳайрону зормондаро аз забони худаш тамошо кунед. Умед дорем, ки роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои дохилӣ ва Ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба дарду азобҳои ин зан даво ёфта, умедашонро ба зиндагии хуш бармегардонанд....