Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта, баъди ишқбозиҳои зиёд издивоҷ намудем, вале аз рӯШикояти арӯси “мундуқ” аз хушдоманзи аввал ситораи ман ба хушдоманам писанд наомад ва маро ҳеҷ нағз надид, ки надид.
Ҳарчанд тамоми кору бори хонаро мекардаму аз хати кашидаашон берун намебаромадам, вале хушдоманам рӯирост ба шавҳарам мегуфт, ки ту ин зани безеби қадпаста аз куҷо ёфта овардӣ. Як рӯз дар саҳни ҳавлӣ қолин мешустам, ҳамин вақт хушдоманам аз наздам гузашта истода, пояш ба шланги об печид ва мувозинаташро нигоҳ дошта натавониста афтид. Дарҳол ӯро аз замин бардоштам, вале модари шавҳарам ҳавлиро ба сараш бардошта, дод мезад: “Ту мундуқ, барқасд ин корро кардӣ, ки ман афтаму поям шиканад.”
Тоқатам тоқ шуда, гуфтам, холаҷон, айба намедонед, чаро туҳмат мекунед.
Хушдоманам бештар асабӣ шуда доду войкунон шавҳарамро фарёд кард. Шавҳарам сари қаҳр бо шланги об маро ду-се бор зад. Ҷонам аз чунин таҳқиру туҳмат ва пастзанӣ ба лаб расида, сӯи берун давидам. Хушдоманам ба писараш гуфт, ки “сар те ин мундуқа”. Шавҳарам ба ман нигариста “агар аз дари ҳавлӣ баромадӣ, ту ба ман се талоқ”гуфт.
Дар ҷоям шах шудам. Фикри тифли батнам, бахти аввалу дӯстдоштанҳоямро карда, дар ҷоям нишаста, хеле гиря кардам, баъдан ба ҳавлӣ даромада, қолиншӯиямро идома додам.
Солҳо гузаштанд.Хушдоманам каме бо ман муносибаташро дигар кард, вале захми он рӯзҳо аз дилам ҳеҷ гоҳ намеравад.
С.М.
Таҳияи Шаҳло