Темур Раҳимов, паҳлавони машҳури тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, дар мусобиқаи ҷудо миёни мардон дар вазни сангинтарин медали нуқра ба даст овард. Ин севумин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо мебошад.
Ӯ дар нимфинал Ким Минйонгро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар финал Темур аз Магомедумар Магомедумаров (Имороти Муттаҳидаи Араб) шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра гардид.
Имрӯз, 19-умин сентябр, инчунин дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу дар риштаи ҷудо Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён ва Исроил Раҳимов муаррифӣ карданд.
Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал Вей Чангро аз Чин шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале аз Арам Григоряни араб мағлуб шуд.
Исроил Раҳимов бошад, дар вазни то 100 кило дар даври аввал аз Боймурод Маҷанови туркман мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гашт.
Дирӯз Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик дар риштаи ҷудо медали тилло ба даст овард. Ӯ Ли Ҷунванро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва ғолиби мусобиқа шуд.
Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони дигар дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар риштаи ҷудо медали биринҷӣ ба даст овард. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор мерафт.
Ҳамин тариқ, се медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо мутааллиқ аст.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунад.