Arzon march 2024
ШИКАСТИ БАХТИ ЗАНУ ШАВҲАРЕ, КИ 8 СОЛ ДАР ОРЗУИ РӮЙИ ФАРЗАНД БУДАНД
15.03.2021
Р. Азимӣ
1616
ШИКАСТИ БАХТИ ЗАНУ ШАВҲАРЕ, КИ 8 СОЛ ДАР ОРЗУИ РӮЙИ ФАРЗАНД БУДАНД

Сарнавишти ин зани азияткашидаи тоҷик бисёр пурпечутоб ва ғамангез аст. Апаи Фотима қариб 10-сол азоби бефарзандӣ кашидааст. Дар бадали ин солҳо аз дӯсту душман чӣ таънаҳое, ки нашунид ва чӣ азобҳое, ки накашид.

Зану шавҳар сарашонро ба сад дар мезаданд, то нахли умрашон борвар гардад. Ниҳоят пас аз давутози зиёд Худованд онҳоро ба орзуяшон расонд ва духтарчаи зебоеро ба дунё овард. Фотима аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, аммо шодиву нишоти ин зани дар ҳасрати фарзанд сӯхта дер давом накард. Вақте ки табибон ба бемории “фалаҷи майнаи сар” гирифтор будани навзодро гуфтанд, замину замон дар назараш такорӯ шуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳараш “ту кӯдаки маъюб зоида, маро шарманда кардӣ” гӯён, талоқи ӯро дод ва тарки Ватан намуд.

Ҳайти ин зани берӯзӣ баъди талоқ ба дӯзахиҳақиқӣ табдил ёфт. Хушдоманаш ӯро бо тифлаки бемораш аз дар берун кард, янгаҳояш низ Фотимаю духтарчаашро ба хона роҳ надоданд. Муддати 16 сол мешавад, ки ин зани паршикаста бо фарзанди маъюбаш овораю сарсон аст ва аз ночорӣ дар ана ҳамин вайрона иҷора мешинад. Барои табобати духтараш Умеда маблағи зиёде лозим аст, аммо маоши ночизе, ки апаи Фотима мегирад, ҳатто ба орду равған намерасад...

Умедворем, ки шахсони хайрхоҳ аз сари раҳму шафқат ба ин зани танҳо ва фарзанди маъюбаш дасти кӯмак дароз менамоянд, зеро некӣ кардан дар ҳаққи чунин одамони бе касу кӯй арҷу савби зиёде дорад.

НАФРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛА КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ 987-20-42-77 ЗАНГ ЗАНАНД ВА Ё БА РАҚАМИ КОРТИ БОНКИИ 5058270420159799 (ЭСХАТА) ХАЙРИЯИ ХУДРО РАВОНА СОЗЕД! (Корти бонк ба раками телефони Одинаева Фотимамо пайваст аст! )

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД