Салом! Номи ман Оишабону. Дар хобам 2023-08-14, 08:07 Ангуштарин аз дастам уфтод аз пушташ давидам ба дарё рафт дугонаам ёфт шикаст баьд ба ман дод гиря кардам чи таьбир дорад 18 сола хастам оиладор нестам
Ангуштарин дар хоб рамзи дӯстӣ, дилбастагӣ, меҳру муҳаббат ва муносибатҳои самимона мебошад. Ангуштарини тилло ё нуқра дар хоб нишонаи боигарӣ ва мақому мартабаи баланд аст. Хоб бинед, ки шахсе ба шумо ангуштарин туҳфа кардааст, он кас ба шумо муҳаббат ва эҳтиром дорад, вале гум кардан ё шикастани ангуштарин дар хоб чандон хуб нест.
Дар хобномаҳо омадааст, ки гум кардан ё шикастани ангуштарин дар хоб аз канда шудани муносибатҳои шахси хобдида бо дӯстдоштааш дарак медиҳад. Эҳтимол бо сабаби рашк ё аз рӯйи ягон дугонаатон байни шумо ва касе, ки дӯсташ медоред, ҷангу ҷанҷол сар зада, кор то ба ҷудоӣ бирасад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки барои ҳар як майда-чӯйда баҳсу мунозира накунед.