Oila Navruz
ШИКАМАМ ДАРД МЕКУНАД
1916


Тез-тез шикамам дард мекунад. Хусусан, бегоҳон дард ва варамаш зиёд мешавад. Маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Зарина, н. Шаҳритуз

Маслиҳати «Мадади Сино»: Шояд шумо кирми рӯдаву меъда дошта бошед. Аввал аз ташхиси лабораторӣ гузаред. Шояд бемориҳои шамолкашии рӯдаи ғафс, ки дар тиб колит ҳам мегӯянд, азиятатон медиҳад. Асалчой нӯшед. Бо гӯшти гӯсфанд шӯрбо пухта хӯред. Як хӯроки миллии ниҳоят аҷиб дорем бо номи оталаи ордбирён ё гардоб. Ана, ҳамонро бо равғани зағир пухта аз бемории шамолкашии рӯдаҳоятон халос шавед. Шибитро дар алови паст 10 дақиқа ҷӯшонида, рӯзе се маротиба як истаконӣ нӯшед, дамиши рӯдаҳоятонро рафъ месозад.
Таҳияи Ҳусния Ҳафизова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД