Бо ташаббуси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи мамлакат аз 23-юми май то 1-уми июли соли 2025 мусобиқаи нуздаҳуми футболи хурд баргузор карда шуд, ки дар он 12 даста ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, маросими ҷамъбасти мусобиқа санаи 1-уми июли соли равон дар варзишгоҳи Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётзода, аъзои Кумитаи тадорукот, варзишгарон, дӯстдорони футбол ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Ҳамин тавр, барои ҷойи сеюми мусобиқа тими “Шаҳраки тиббӣ” бо дастаи Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилӣ қуваозмоӣ намуд, ки дар натиҷа тими Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилӣ бо ҳисоби 5 бар 3 пирӯз омада, ҷои сеюми мусобиқаро ба даст овард.
Барои ишғоли ҷойи аввал дастаҳои “Шифобахш 2“-и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва тими Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба майдони рақобат ворид гардиданд. Бозӣ миёни тимҳои мазкур пурҷӯшу хурӯш ҷараён гирифта, дар натиҷа тими “Шифобахш 2” бо ҳисоби бузурги 6 бар 2 ғолиб омада, соҳиби Ҷоми калон, медалҳои тилло, туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гардид.
Дар баробари ин, барои нафароне, ки дар баргузории ин мусобиқа саҳм гузоштанд, Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Бо ҳамин, мусобиқаи 19-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Ҷавонон”, «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иди касбӣ - “Рӯзи кормандони тиби Тоҷикистон” ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.