ИДОМААШ...
Алфонс
Ман дар дилам ӯро «Шреки очам» меномидам, аммо баъди никоҳ кардан мақсадҳои Ҷасур маълум шуд. Модарам ба ин шамоили аҷибу ғариб, он қадар мубтало буд, ки дигар ҳамаро фаромӯш карда буд.
Дар як муддати кӯтоҳ ҷойи костюму куртаҳои арзонбаҳои хитоии ӯро либосҳои брендии қиматбаҳои туркӣ гирифтанд. Ҷасуршоҳ опели кӯҳнаашро фурӯхта, мошини нав гирифт, ки сад фоиз боварӣ дорам, дар харидани он саҳми модарам буд. Модарам барои ҳамсару духтару модари ӯ аз Туркия ҷавоҳироту матоҳои қиммат меовард, вале “Шрек” маст шуду акнун ба сари очаам даст мебардошт. Ҳар омаданаш пул мепурсид, кор то ҷое расид, ки модарам аз бонк пул қарз гирифта, барои бор мерафт. Рашки ӯро оварда, бо занони дигар гап мезад, модарам аз рашк ҷангу ҷанҷол бардошта, шатта мехӯрд. Акнун аз очаи беғаму мардсифатам осоре намонда буд. Шабу рӯз телефону гиряву зорӣ… Ҷасур аз ин ҳама илҳом гирифта, ҷабрашро роҳаш надеҳ, ду соли бо ин будан беморат кард. Намедонам ба куҷои ҳамин рафидарӯ ошиқ шудаӣ?!” Модарам маро ба оғӯш гирифту зор-зор гирист, аммо вазъ бадтар шуду беҳтар не. “Шрек”-и хонсӯхта акнун бо овози баланд ӯро таҳқир мекард, “эй кампир, ту аз ман каму ғам не, ҳашт сол калонӣ. зиёдтар мекард. Ман аввалҳо кор надоштам, аммо баъд ба модарам гуфтам, ки “оча, аз ҳамин безеб ҷудо шав, ин ҷудоии чӣ дорад? Дигар ба хона Ту медонӣ, ман чӣ қадар зебоям, садҳо нафар дар атрофи ман парвона, депутат, судя, ситораҳои саҳна, дикторони телевезион, хоҳӣ, ана ҳамин хел маро қабул кун, нахоҳӣ, чор тарафат қибла!
Ман на хандиданамро медонистам, на гиристанамро, охир ба ин хунукситора ғайри модари содаи ман каси дигар нигоҳ намекард, аммо модарам ба гапҳои ӯ бовар мекард. Дидам, ки модарам аз Шрекаш дил канда наметавонад, худам ташаббусро ба даст гирифтам..
Тӯҳмати рӯирост
Ману модарам ҳар рӯзи якшанбе манту мепӯхтем, Ҷасур инро медонист ва меомад. Вай як табақ мантуро мисли саги гурусна ба таги бинӣ зада мерафт, шояд шумо гумон кунед, ки ман аз бадбинӣ инро мегӯям? Не, вай аз саг дида, безебтар хӯрок мехӯрд. Пас аз ҳар ташрифи вай мо албатта дастархон мешӯстем. “Шрек” чун ҳарвақта шикамчаи чун тӯби футбол дамидаашро хорида-хорида омад. ӯ то тайёр шудани манту “як оббозӣ кунам” гӯён, ба ҳаммом даромад. Модарам мегуфт, ки вай дар як хонаи якҳуҷрагии канори шаҳр бо занаш ва чор кӯдакаш зиндагӣ мекунад ва шароити хуб надоранд. Ҷасур телефонашро дар заряд монда, баъд ба ҳаммом даромад, ман аз фурсат истифода бурда, телефонашро кушодаму…
Ҷасур аз ҳаммом бо табъи болида баромада, сари дастархон нишаст. Ман ба хотири модарам даҳ-понздаҳ дақиқа бо онҳо нишаста хестам. Ман хестаму оғоз шуд, Шрек ба таъриф сар кард, ки гӯё дар як тӯй Шабнами Сурайё ба вай часпидааст. Модарам инро шунида, чунон доду вой бардошт, Ҷасури занакча боз сад таънаи дигар ба модарам заду баромада рафт. Ман модарамро ором карда гуфтам:
-Очаҷон, Шабнами Сурайё ин Шреки шуморо латтаи фаршӯӣ ҳам намекунад. Илтимос, ба худ оед, девона шудаед?! Модарам мегиристу мегирист…
Субҳи дигар модарам аз шиддати асабоният ба кор рафта натавонист ва ман телефонамро кушода, ба ӯ гуфтам, ки “очаҷон, Ҷасур як моҳ боз маро ғам медиҳад” ва паёмакҳои аз телефони Шрекаш ба худам навиштаамро нишонаш додам. Худо маро барои ин дурӯғам бахшад… Ранги рӯйи модарам сап-сафед шуду лабонаш пир-пир париданд, ӯ дастони маро ба дастонаш гирифта гуфт:
-Рамзияҷон, оё ягон бор дастатро дошт?!
Ман аз тарси он, ки дили модарам накафад, гуфтам, “не, очаҷон, фақат паёмак мефиристад”. Модарам кордро гирифта гуфт, ки рафта, вай алфонси гушнаи шабушкини ҳаромро мекушам, аммо ман бо як азоб оромаш кардам.
-Очаҷон, ман бадном мешавам, шарманда мешавем, аз ҳама хубаш, бе ҷангу ҷанҷол ҷавобашро деҳ…
Саги гурусна
Модарам Ҷасурро ба рӯйхати сиёҳ дохил кард, вале ними шаб ӯ омада дарро зад, модарам аз пушти дар гуфт:
-Ҳароми кӯрнамак, агар як бори дигар пушти дарам биёӣ, милиса хабар мекунам, ба сари занат меравам, хоната месӯзам, дафъ шав!!! “Шрек” мегиристу зорӣ мекард, модарам дид, ки намешавад, милиса ҷеғ зад ва бо ҳамин пайи Шреки алфонс аз хонаамон канда шуд…
Модарам бемори бистарӣ шуд, баъди табобатҳои зиёд ба худ омада, акнун ба ҳолати аввалаш баргашт. Маро бо писари ҳамсояамон фотеҳа карданд, ҳамсоязан дугонаи беҳтарини модарам асту ӯ низ писарашро танҳо ба воя расонидааст. Онҳо ҳар ду ҷавону зебоянд, ба модарам гуфтам, ки агар марди хубе ёбад, ба шавҳар барояд, ман зид нестам, аммо ӯ не мегӯяд. Ман бо тӯҳмати кардаам ҷони модарамро аз алфонс халос карда бошам ҳам, дилашро аз тамоми мардони дунё монондам. Барои ҳамин виҷдонам азобам медиҳад, бисёр мехоҳам очаҷонам хушбахт шавад….
Рамзия
АНҶОМАШ...