“Толибон” ҳамагӣ дар бадали чанд рӯз қариб тамоми вилоятҳои Афғонистонро тасарруф намуда бошанд ҳам, ҷуръати ба Панҷшер ҳуҷум кардан надоштанд. Шореҳони сиёсӣ ба таъхир андохтани ҳамла ба Панҷшерро ба таври гуногун маънидод менамуданд.
Яке мегуфт қаблан “Толибон” дар ин дара сахт шикаст хӯрда буданд ва аз он ҳарос доранд, ки дубора ҳамон хатои худро такрор карда, вилоятҳои зери тасарруфи худ даровардаашонро низ аз даст хоҳанд дод, дигарӣ ҳадс мезад, ки гирифтани Панҷшер кори саҳлу осон нест ва “Толибон” барои забти ин дара тайёрии пурра дида, баъдан ба ҳуҷум мегузаранд, саввумӣ аз ҳароси ҷангиёни “Толибон” аз шермандони номдори ин дараи пуровоза сухан мекард, аммо...
Шаби гузашта “Толибон” кӯшиш намуданд Панҷшерро забт намоянд, аммо ин ҳамла бебарор анҷом ёфт.
Нерӯҳои ҷабҳаи муқовимати Миллии Афғонистон гуфтаанд, ки ҳамлаи нахустин ба дараи Панҷшер бо шикасти “Толибон” анҷомид ва дар рафти ин амалиёт онҳо чанд нафар ҷангиёни худро аз даст додаанду шумораи захмиён низ кам нест.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи муқовимати миллии Афғонистон, дар як баёнияи видеои ин ҳамларо чунин шарҳ додааст:
“Шаби гузашта, дар самти Ғарбии Даҳонаи Панҷшер Толибон як ҳамла доштанд, шояд мехостанд, бо ин ҳамла бахташонро бисанҷанд. Фазли Худо, бахт ҳамроҳашон ёр набуд. 7-8 нафар куштаву чанд нафар захмӣ доданд. Як-ду нафар аз нерӯҳои муқовимат низ захмӣ шуданд.
Ҳамватанони азиз ташвиш надошта бошанд...”
Ба қавли Фаҳими Даштӣ дар муқовимат муқобили Толибон нерӯҳои муҷоҳидин ва афсару сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон бо роҳбарии фармондеҳи низомии Ҷабҳаи Муқовимат Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ ҷангидаанд.
Даҳана ё Тангии Панҷшер ягона роҳи осони ворид шудан ба дараи Панҷшер буда, аз тарафи ғарбии Дара ҷойгир аст ва дарвозаи асосӣ ба шумор меравад. Ин тангӣ аз як роҳи мошингарди хурд, ки тахминан 50 метр дарозӣ дорад, иборат буда, аз канораш дарёи Панҷ мегузарад. Қаблан Толибон кӯшиш карда буданд, ки тавассути вилояти Бағлон ба Панҷшер дохил шаванд, аммо кӯшишҳояшон бефоида анҷомид.
Айни замон нерӯҳои ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳамин дара ҷамъ омада, барои озод намудани кишвар аз “Толибон” нақша мекашанд. Аҳмад-Масъуд-писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки яке аз сутунҳои устувори ин дара ба шумор меравад, ваъда додааст, ки то ҷон дар бадан дорад, аз Панҷшер дифоъ хоҳад кард.