1xbet
Шекиладзе: Мо барои пирӯзӣ талош мекунем
10.06.2025
Oila.tj
118

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Филиппин дар нишасти хабарӣ ширкат кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, сармураббии дастаи мо аҳамияти вохӯрии дарпешистодаро зикр намуда, таъкид кардааст, ки футболбозон бо тамоми неру тайёрӣ мебинанд.

- Мо мефаҳмем, ки бозӣ осон нахоҳад буд. Дастаи Филиппин рақиби хубест, ки қодир аст барои ҳар даста мушкилӣ эҷод кунад. Мо омодагии хеле хуб гузаронидем, аввал дар Қатар, баъд дар Камбоҷа ва марҳилаи сеюми омодагӣ аллакай инҷо сипарӣ шуд. Ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи ҳарифро таҳлил кардем. Бозигарони мо аҳамияти вохӯриро мефаҳманд. Даста ба пуррагӣ диққати худро ба ин рақобат равона кардааст. Танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард. Умедворем, ки бо натиҷаи хуб мухлисони худро шод хоҳем кард,- гуфтааст Гела Шекиладзе.

Ёдовар мешавем, ки бозии Филиппин ва Тоҷикистон имрӯз - 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД