Муштзани машҳури тоҷик Шавкатҷон Раҳимов (17-3-1) аз Тоҷикистон бо Ҷастин Паулдо (18-2) аз Амрико рақобат кард. Муборизаи муштзанон дар “Boeing Center at Tech Port”-и шаҳри Сан-Антониои Техаси Амрико доир шуд. Мубориза дар доираи чорабинии Pro Box TV сурат гирифт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мубориза дар вазни сабук баргузор шуда, барои даҳ раунд пешбинӣ шуда буд. Собиқ қаҳрамони IBF дар вазни сабук Шавкатҷон Раҳимов аз Ҷастин Паулдо дар даври ҳаштум тариқи нокаут шикаст хӯрд. Ҷастин дар раунди ҳаштум Раҳимовро ба ресмон тела дод ва пас аз як зарбаи устувор бо дасти рост муштзани тоҷикро ба нокаут фиристод ва ғалабаи 18-умро дар корномааш ба даст овард.
Паулдои 30-сола, ки рекордаш дар замони мубориза аз 17 ғалаба бо ду бохт иборат буд, аз аввал ташаббусро ба даст гирифт ва дар ҳар раунд бартарӣ дошт, нисбат ба қаҳрамони собиқ (аз рӯи ҳисобҳои CompuBox, Паулдо 2725 зарбаи дақиқтар ба замин меафтад).
Ин шикаст сеюмин дар корномаи касбии Раҳимови 30-сола буд. Ҳоло рекорди ӯ 17 ғалаба (аз ҷумла 14 барвақт), се бохт ва як мусовӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Шавкатҷон Раҳимов рӯзи 5-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Абу-Дабии АМА дар мубориза барои камарбанди қаҳрамонӣ муқобили муштзани пуртаҷрибаи Британияи Кабир - Зелфа Барретт дар раунди 9-ум зафар ёфт ва тавонист, ки нахустин бор дар таърихи бокси ҳирфаии тоҷик қаҳрамони IBF шавад.
Охирин рақобати муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи версияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни 58,9 кг дар шаҳри Душанбе дар доираи мусобиқаи “Шоми бокс” соли гузашта баргузор шуда буд. Раҳимов дар раунди 11-ум тариқи нокаути техникӣ аз Эдуардо Нунйес мағлуб шуда буд.