Formula novemver 2024
Шавҳари собиқи худро хоб дидан чӣ таъбир дорад?
18.04.2024
Оила.ТҶ
3237

 

Ману шавҳарам 4 сол боз аз ҳам ҷудо ҳастем, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир ман ӯро тез-тез хоб мебинам. Дар хобам аксаран чунон менамояд, ки ягон ҳодиса рӯй надодааст ва мо мисли пештара шоду хуррам зиндагӣ дорем, вале гоҳе хоб мебинам, ки зани дигар гирифтаасту дигар маро дидан намехоҳад, баъзан дар хобам то саҳар собиқ шавҳарамро ҷустуҷӯ мекунам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

ЗАРРАГУЛ, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

- Пас аз талоқ собиқ шавҳарашро хоб дидани зан гувоҳи он аст, ки вай ин мардро то ба ҳол ба пуррагӣ аз ҳаёташ хат назадааст ва дар як гӯшаи дилаш оташи ишқу муҳаббат ҳанӯз фурӯзон аст. Ба хоби зан даромадани шавҳари собиқаш ҳамчунин метавонад нишонаи он бошад, ки мард ҳанӯз ҳам ӯро дӯст медорад, вале аз рӯйи ғурури мардона сир бой надода, дигар занг намезанад ва суроғаш намекунад.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар зан баъди талоқ дубора шавҳар карда бошад ва шавҳари собиқаш тез-тез ба хобаш дарояд, бояд эҳтиёт бошад, зеро ин гуна хобҳо аз пайдо шудани мушкилӣ дар оилаи нави шахси хобдида гувоҳӣ медиҳанд. Эҳтимол ҳамсари нави зан ӯро ба собиқ шавҳараш ё марди дигар рашк мебарад.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки хоб дидани шавҳари собиқ нишонаи ба вуҷуд омадани тағйирот дар ҳаёти шахси хобдида мебошад, вале ин тағйиротҳо мусбат хоҳанд буд ё манфӣ, муайян карданаш душвор аст.

Хоб бинед, ки бо собиқ шавҳаратон бӯсобӯсӣ карда истодаед, дар ҳаётатон ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад ё касе ба шумо “сюрприз”-и ногаҳонӣ мекунад.

Хоб бинед, ки мисли пештара бо собиқ шавҳаратон зиндагии хушбахтона ба сар бурда истодаед, тасодуфан бо вай вомехӯред ва оштӣ шуда, аз нав никоҳ мекунед. Аммо ҳамболин шудан бо шавҳари собиқ дар хоб чандон нишонаи хуб нест. Чунин хоб аз сар задани мушкилиҳо, муноқиша ва ҷангу ҷанҷоли зиёд дар ҳаёти зан гувоҳӣ медиҳад.

Нострадамус хоб дидани шавҳари собиқро нишонаи сеҳру ҷоду шудани зан номида, гуфтааст, ки хонуми чунин хоб дида бояд саломатии худро эҳтиёт намояд. Олими машҳур таъкид кардааст, ки махсусан дар хобаш ба зан изҳори муҳаббат кардани шавҳари собиқ хатарнок буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки касе бо сеҳру ҷоду дили ин бонуро ба худ гарм карданист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД