Sebiston new 2024 october
Шавҳари шаҳрӣ карда, бадбахт шудам
15.06.2023
Оила
2028

 

Мардуми деҳот ҳамин, ки фаҳмиданд домодшаванда аз шаҳр аст, аз хурсандӣ қабат-қабат гӯшт гирифта, аслу насабашро напурсида, дарҳол духтаронашонро бароварда медиҳанд.

Инро дар мисоли тақдири бади худам мегӯям. Диёр ном љавони шаҳрӣ маро дар тӯйи як дугонаам дида, писандиду ба хонаамон хостгор фиристод. Волидонам «љавони зебо будааст, падару модараш ҳам сарватманд» гуфта, корро кашол надода худи ҳамон рӯз розигӣ доданд. Пурсидани розигии мани арӯсшаванда ба гӯшаи хаёлашон ҳам наомад. Аз чи бошад, ки тарафи домод тӯйро ҳарчи зудтар барпо кардан мехостанд. Падарам маљбур шуда аз бонк қарз гирифтанду маро ба қавли худашон «бо обурӯи муҳаммадӣ» ба хонаи бахтам гусел намуданд.

Тӯямон хеле зебою бодабдаба гузашта бошад ҳам, таги дилам ким чи хел сип-сиёҳ буд. Беҳуда «дил гувоҳи ҳақ аст» намегуфтаанд, шавҳарам љавони зебо бошад ҳам, дуруштмуомилаю ҳавобаланд баромад ва аз рӯзи аввал рафтору кирдору гуфтораш ба ман маъқул нашуд. Вай то маро гирифтан чандин духтаронро ба доми фиреб андохта будаасту бешармона дар бораи маъшуқаҳояш ҳар шаб нақл мекард. Қаҳрам ояд ҳам, чизе намегуфтам. Аз хомӯшии ман далертар шуда, шавҳарам шабҳо дар бистари хоб бо дигар духтарҳо телефонӣ соатҳои чақ-чақ мекардагӣ шуд.

Рӯзе аз паси дар гуфтугӯяшро бо зане шунидам. Шавҳарам бо забони русӣ ба ҳамсӯҳбаташ ваъда дод, ки ҳафтае пас борҳоро бурда мерасонад. Ҳайрон шудам, ки гап дар бораи кадом бор мерафта бошад, чунки Диёр бо савдо сарукор надошт. Бегоҳии ҳамон рӯз шавҳарам дар сари дастархон гуфт, ки азми сафари Русия дорад, гӯё дар Москва кори бисёр муҳиму таъљилӣ доштааст. Хусурам «Бачам, нав аз тӯят шаш моҳ нагузаштааст, чи хел арӯсатро партофта меравӣ» гӯён, хеле насиҳат карда бошанд ҳам, Диёр ду пояшро ба як мӯза андохта, меравам мегуфт.

Хуллас, Диёрро гусел намудему ду рӯз аз байн нагузашта тариқи телевизиони Русия чанд тољикбачаеро намоиш доданд, ки бо маводи мухаддир ба даст афтода буданд. Дар байнашон шавҳарам Диёр ҳам буд. Фиғони падару модараш ба фалак печид, вале аз гиряву нола суд набуд. Суд Диёрро ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Хусурам бо дидаи пуроб маро бо кӯчу бандам ба хонаамон оварда монд. Ана ҳамин тавр шавҳари шаҳрӣ кардаму бадбахт шудам.

Муясара аз н. Айнӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
БОЛТАЕВА МАРХАБО АЗ ШАХРИ ХУЧАНД 2023-06-27, 12:06
Ин хил бачахо дехотонда хам хаст якта шахрмё ней пан панча баробар нейгап зиндагия рахаша донистан бо сабр шудан дар кор аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
БОЛТАЕВА МАРХАБО АЗ ШАХРИ ХУЧАНД 2023-06-27, 12:06
Ин хил бачахо дехотонда хам хаст якта шахрмё ней пан панча баробар нейгап зиндагия рахаша донистан бо сабр шудан дар кор аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД