Салом! Сабрина ҳастам, як ҷавонзани бадбахти тоҷик, ки ишқи интернетӣ ҳаёташро барбод додааст. Мехоҳам тақдири талхамро нақл кунам, то ки ба дигар духтарон дарси ибрат гардад.
Аслан ман духтари деҳотӣ ҳастам, вале бо амри тақдир дар шаҳр шавҳар кардам. Аниқтараш аксҳоямро аз рӯйи ҳавою ҳаваси ҷавонӣ дар Инстаграм гузоштам ва Мансур ном ҷавони шаҳрӣ бо дидани он аксҳои зебо ошиқи зорам гашт. Ин ҷавон ба ман чунон хушомадҳое мезад, ки ногуфтанӣ. Аввалҳо ба хушгӯиҳояш чандон аҳамият намедодам, вале беҳуда нагуфтаанд, ки зан бо гӯшаш дӯст медорад, бо мурури вақт суханони ширини Мансур ба дилам асар карда, ман ҳам ошиқи шайдои ин ҷавон гаштам. Мо мисли Лайлию Маҷнун шабҳо то саҳар рози дил мекардем.
Ҳамин тавр пас аз як соли ишқи интернетӣ ошиқам ба хонаи мо хостгор фиристод. Падару модарам “мо ин одамонро намедонему намешиносем” гуфта рад карданд, аммо мани аз ишқи бачаи шаҳрӣ сару калобаамро гум карда, ду поямро дар як мӯза андохта “Мансурро дӯст медорам” мегуфтам. Волидонам якравиамро дида ба хотири дили маро нашикастан розигӣ доданд ва маро ба Мансур фотиҳа карданд. Он рӯз дар сар то сари дунё аз ман дида духтари хушбахттаре набуд, вале...
Хушбахтии мо пас аз тӯй ҳамагӣ як моҳ давом кард. Ҳанӯз чиллаи арӯсиамон набаромада, шавҳарам ба таҳқир намудани ман сар кард. Акнун Мансуре, ки пеш аз тӯй гӯё бо тамоми вуҷудаш ошиқи шайдои ман буд, маро мудом “қишлоқӣ” ва “қул” гӯён таҳқиру тасхара мекард Мабодо дар сари дастурхон ягон чиз гӯям, дарҳол “даҳоната пӯш, ту қишлоқия худат чию гап задан чи” гӯён, маро дар назди падару модар ва аҳли оилаашон паст мезад.
Хусуру хушдоманам ба ҷойи он ки писарашонро насиҳат кунанд, бо тамасхӯр “Худкардаро даво нест, охир ту худат ҳамин қишлоқиро ёфта ба ҷону ҳоламон намондӣ, ки хостгорӣ равед” гӯён, ба захми дилам намак мепошиданд. Чашмонам пур аз об мешуданд ва луқмаамро оҳиста ба замин монда, аз сари дастурхон хеста мерафтам.
Дертар фаҳмидам, ки онҳо кадом як хеши худашонро, ки духтари соҳибмаълумот ва коргару пулёб будааст, келин карданӣ будаанд, вале Мансур ду пояшро ба як мӯза андохта, маҷбур кардааст, ки ба хонаи мо хостгорӣ раванд.
Хулласи калом, шавҳарам ва аҳли оилаашон маро умуман одам ҳисоб намекарданд, вале мани сарсахт ба хотири он ки сиёҳбахт нашавам, бо сари хам хизмат хусуру хушдоманамро карда мегаштам.
Мансур шаб то саҳар бешармона бо маъшуқаҳояш телефонӣ сӯҳбат мекард ва ман аз рашк дарун ба дарун сӯхта, оби дида мерехтам, аммо аз тарс лаб во намекардам, чунки даҳонамро кушоям, шавҳарам чунон бераҳмона лату кӯбам мекард, ки тамоми аъзои баданам сиёҳу кабуд мешуд.
Мани берӯзӣ дар он хона келин не, гӯё ғулом будам ва ҳатто ҳақ надоштам, ки телефонӣ бо падару модарам сӯҳбат кунам. Мансур пас аз тӯй “дили омӯхта балои ҷон аст, боз суратҳоятро дар интернет партофта, ягон ошиқи дигар наёбӣ” гӯён, телефонамро зада шикаст. Дар як ҳафта танҳо як маротиба бо телефони шавҳарам ба модарам занг мезадам, то ки саломатии аҳли оилаамонро фаҳмам. Шавҳар ва хушдоманам мисли корманди милитсия дар болои сарам рост истода, гӯш мекарданд, ки ман ба модарам чиҳо мегӯям.
Хулласи калом, хотири бахт ду соли дароз ба ҳама ранҷу азобҳои шавҳар ва хушдоманам тоқат карда, соҳиби ду духтараки дугоник шудам. Гумон доштам, ки баъди соҳиби фарзанд шудан ҳуши Мансур ба сараш мезанад,аммо беҳ нашуда, бадтар шуд. Хабари ду духтарча таваллуд карданамро шунида, шавҳарам қаҳр кард ва маро ба хонаи падару модарам бурда, дигар сурорғ накард.
Бечора модарам баъди семоҳа шудани кӯдакон кулчаю тӯша карда, маро бо гаҳвораю катчаю чизу чораи бисёр ба хонаи хушдоманам бурд, вале шавҳари чаққонам дар ин муддат аллакай зани дигар гирифта, хонаи бахти маро духтари ҷавоне соҳиб шуда будааст.
Ба саволи модарам “духтарам чи гуноҳ дошт, ки дар болояш зан гирифтӣ?” Мансур танҳо як ҷавоби кӯтоҳ дод: “Мо ба ҳамдигар муносиб нестем, дар вақташ ӯро ба занӣ гирифта, ман хатои калоне карда будам ва хатоямро ислоҳ кардам.”
Ҳамин тавр зиндагии ман вайрон шуд ва бо чашмони пуроб дубора ба хонаи волидонам баргаштам. Мансур ҳатто алименти фарзандонашро сари вақт намедиҳад. Бо ду
Мирсаид Хамкор, [21.07.2023 18:43]
кӯдак дарди сари падару модари пирам шуда, азоби зиёде мекашам. Пушаймонам, ки ба ҷойи хондан ба ишқу ошиқӣ дода шуда, ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам. Ягон касбу ҳунар медоштам, шояд имрӯз зиндагиамро мустақилона таъмин карда, ин қадар азоб намекашидам.
Ба духтарон гуфтаниям, ки ҳаргиз ба ишқи ҷавоне, ки тариқи интернет бо ӯ шинос шудаед, бовар накунед. Беҳуда мӯйсафедон нагуфтаанд,ки барои одамро шинохтан бо ӯ як пуд намак хӯрдан лозим аст. Дар вақташ, агар ман ба Мансур нею ба ягон ҷавони аслу насабаш барои оилаамон ошно ба шавҳар мебаромадам, шояд ба чунин рӯз намерасидам. Хонед духтарҳо, чунки зани босавод ҳаргиз мӯҳтоҷи шавҳар намешавад!