Салом! Мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат пурсам. Ман зани сарватманд ҳастам ва бисёриҳо ҳаваси зиндагиамро мехӯранд.
Аз чизе танқисӣ намекашам, фарзандонам дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, гули чизро мехӯрему гули чизро мепӯшем, аммо бо ҳамин қадар дороиву боигарӣ хушбахт нестам. Шавҳарам пули зиёд дорам гуфта якто не, се-чор зани баҷоӣ гирифтааст.
Шабҳо ба хона намеояд ва ҳатто занг зада намепурсад, ки ману бачаҳоям зиндаем ё мурда, аз паси арӯсаки 22 солааш сарсон аст ин мардак. Чандин бор ба ҷои кораш рафтам, маро аз камера дида ба коргаронаш «раис нестанд гӯед» гуфта аз идорааш берун кард. Ҷигархун мешавам аз нағмаҳои ин марди умраш ба ҷое расида, вале розшунаве надорам.
Росташро гӯям, дилам ба тамом аз мардакам мондааст ва дигар ҳатто рӯяшро дидан намехоҳам, вале барои хонаву дарашро тарк карда баромада рафтанам фарзандонам монеъ мешаванд. Ҷавон нестам, ки дубора шавҳар кунам, охир!
Нолаву фиғон бардорам, ҳамсояҳо ба ҳолам механдад, аз ҳамин сабаб лаб зери дандон гирифта мегардам. Дилам ба фарёд омадаст, вале фарёдрасе нест!
Монанди маъшуқаҳояш ман ҳам метавонам ба дари муллову ҷодугарҳо рафта, мардакамро гармӣ кунам, аммо метарсам, ки аз сеҳру ҷодуи бисёр шавҳарам мемираду фарзандонам саѓера мешаванд. Чанд вақт боз дар беморхона хобам, вале шавҳарам ягон бор ба аёдатам наомадааст. Занҳои ҷавонаш бо сеҳру ҷоду мардакро чунон дилхунук кардаанд, ки ман он тараф истам, ақаллан фарзандонаш ба ёдаш намерасанд. Тамоми хешонамон роҳи дурро тай карда, маро хабаргирӣ омаданду ба гӯшаи хаёли шавҳарам намерасад, ки як бор аҳволи зани беморашро пурсад. Дарду алами бепарвоии марде, ки ҳаётамро ба ӯ бахшидам, оқибат маро мекушад. Маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, то шавҳарам ба хона баргардад?
Зани хиёнатдида