Мутта бе ному нишон гашту...
Шавҳарам Раҳим ном дошта бошад ҳам, бо сабаби кӯтоҳ будани қадаш дар деҳа хурду калон ӯро бо лақаби Мутта(кӯтоҳ) мешинохтанд. Мани сарсахт ба ҳама нағмаҳои Мутта тоқат карда, қариб 40 сол бо ин марди мисли кӯдакн содафеъл зиндагӣ карда, соҳиби чаҳор писару се духтар гаштам ва наберадор ҳам шудам. Тамоми бори зиндагӣ бар дӯши худам бошад ҳам, хурсанд будам, ки чи хеле набошад, бачаҳоям дар болои сарашон падар доранду сағера нестанд, вале чи мегӯед,ки яку якбора шавҳарам, ки як мардаки калон-ббо шуда буд, бе ному нишон гашт. Аввал бо гумони он ки боз дар ягон ҷо хобаш бурда мондагист, ба ғайбзании Мутта аҳамият надодем, вале ду рӯз гузашт, се рӯз гузашт, як ҳафта гузашту аз шавҳарам ягон хату хабар нашуд. Одамон гову гӯсолаашонро кобанд, мани сарсахт ҳамроҳи бачаҳоям як моҳ дашт ба дашту пушта ба пушта гашта, шавҳар кофтам, вале на хаташро ёфта тавонистему на хабарашро ва билохира маҷбур шудем, ки ба мақомт хабар диҳем. Крмандони милитсия ҳам чанд моҳ дар ҳама ҷо Раҳимроҷустуҷӯ намуда, даракашро ёфта натавонистанд. Ҳамин тавр аз байн як сол гузашт ва ману фарзандонам аз зинда будани Раҳим умедамонро канда, тасмим гирифтем, ки маъракаҳои мотамии шавҳарамро гузаронда ба мардум оши худоӣ диҳем...
Ҷанозаи бе маит
Як субҳ аҳли деҳаро ба ҷанозаи Мутта хабар кардем ва домуллои як-ду либоси шавҳарамро пеш гузошта, ҷанозаи ӯро хонду ҳамма даст ба рӯй кашиданд. Фарзандҳо ҳама зик буданд, духтарҳо во балам гӯён нлаи п адарашонромекарданд, писаронам бошанд дар ҳаққи рӯҳи арвоҳи падарашон дуою фотиҳа мехонданд. Ба чеҳраҳои ғамзадаи фарзандонам нигариста аз дил мегузарондам, ки марги падар, гарчанд солим набошад ҳам, сангин аст, чунки чи хеле, ки набошад, падар ин сутуни хонадон аст ва “ҷоят ҷаннат шавад, Муттаҷонам,ақаллан хайр нагуфтӣ, ки баъд равӣ.Ҳайфи раҳпоиҳоям” гӯён, ғоибона бо шавҳари дар ким-куҷоҳо мурда рафтаам мунозира менамудам, вале...
Мурдаи зиндашуда
Баъди се моҳи ҷаноза ва додани ҳафту чил дар рӯзи маъракаи охирон дар рӯзи ёдбудаш, замони хондани фотиҳа кадоме хабар дод, ки мурда зинда шуда, Мутта ба хона баргашт. Аввал боварам наомад, вале як лаҳза пас дар дасташ гули қоқу Мутта ба ҳама салом дда аз дар даромад. бовар кунед, ҳамма дар ҷояшон шах шуда монданд, касе намедонист, ки чи гӯяд. Бечора модараш бо дидани Раҳим оҳ гуфту дилаш зада ба замина фтид ва бо ҳамин дигар чашмашро накушода, ин дунёи фониро абадан хайрбд гуфт. Сад афсӯс, мурдани писараш кампирро накушту зинда ба хона баргаштанаш ӯро ба олами абадият фиристод. Марги хушдоманам ҳамаи моро хба худ овард ва нолаи Муттаро монда, ба нлаи кампир сар кардем. Мутта зор-зор гиря карда аз паси тбути модараш медавид ва “очачон, бароят гулчини рафта будам, чаро чунин карди?” гуфта, фиғони талх мекашид. Дили хурду калон ба ҳоли ӯ сӯхта, баробараш нола мекарданд...
Никоҳи дубора
Пас аз гӯру чӯб кардани хушдманам домулло маро ба гӯшае ҷеғ зада гуфт, ки туву шавҳарат беш аз як сол ҳамдигарро надидед ва никоҳи шумо кайҳо бурида шудааст, акнун бояд дубора никоҳ кунед. Ман розӣ шуда, 5 кило биринҷро ош кардам, вале дар вақти никоҳ боз мутта гум шуда, рӯзи дигар ба хона баргашт. Вақте пурсидам,ки ману ту бояд дина бегоҳ никоҳ мекардем, якбора ба куҷ ғайб задӣ, хандида гуфт, ки занакҷон, ҷангам накун, барои ту гулчинӣ рафтам...