goodwell
Шавҳари хитоӣ кардаму...
10.04.2022
Оила
1874

Падари ман тоҷику модарам рус аст. Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, бо ҷавони тоҷике шинос шуда, чанд муддат бо ҳам муносибатҳои ошиқона доштем. Акрам дар аввал худро ошиқи шайдо вонамуд мекард, вале рафта-рафта бо ман хеле дағалӣ мекардагӣ шуд. Кор ба ҷое расид, ки дилам аз ишқи ӯ сард гашта, барқасд бо як ҷавони хитоӣ шинос шудам. Ошиқи хитоиям дар шаҳри Душанбе хона гирифта, маро ба занӣ гирифт. 4 сол боз оиладор ҳастем, дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надорам. Шавҳарам бо ман хеле меҳрубон буда, на танҳо зиндагии худамро таъмин мекунад, балки ба модарам низ кӯмаки молиявӣ мерасонад, вале вақтҳои охир Акрамро бисёр дар хоб мебинам. Эҳсос мекунам, ки ишқи ӯро аз дил берун накардаам, вале оби рехтаро дигар бардошта намешавад. Акрам ҳам зан гирифта, соҳиби хонаи обод аст. Бо вуҷуди ин, аз кори кардаам сахт пушаймонам. Ба духтароне, ки дар сари қаҳр мисли ман рафтор кардан мехоҳанд, гуфтаниям, ки ҳаргиз хатои маро такрор накунанд, вагарна умре ангушти пушаймонӣ мегазанд.
Ф.Л.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД