Arzon march 2024
Шавҳари беникоҳ (ҚИСМИ 1)
1653

Лаънат мехонам ба ҳамон рўзе, ки бо Исфандиёр шинос шудам, ҳазор лаънати дигар ба худаму ишқу муҳаббатам. Азобе, ки имрўз ман дорам, худам медонаму Худо.

Дар синни сивупанҷсолагӣ бева мондам, бо маоши ками ҳамшираи шафқат ду писарамро калон кардаму маълумоти олӣ додам. Раҳми Худованди меҳрубон ба ман омад, ки дари раҳмату мағфираташро ба сўям кушод, ҳар ду писарам Донишгоҳи тиббиро дар Маскав хатм карданду яке дар Русия, дуввумӣ дар Олмон кору зиндагӣ мекунанд. Ман гоҳе ҳамроҳи як писарам зиндагӣ мекардаму гоҳи дигар ҳамроҳи писари дигарам, ҳарду зани тоҷик ва зиндагии шоиста доранд, маро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Аммо ман дур аз Тоҷикистон зиста наметавонам, хонаи дуҳуҷрагии дар наздикии бозори «Саховат» доштаамонро фурўхтему аз маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрадори дорои тамоми шароити зиндагиро харидорӣ намудем. Дар ошёнаи аввали хонаамон биноеро ба иҷора гирифта, дорухона кушодам ва зиндагиям ба хубӣ ҷараён дошт…

Синнам ба панҷоҳ дакка мехўрад, соҳиби хонаву дар, мошин, хурд ҳам бошад, тиҷорати худам будаму панҷ вақт намозамро хонда, аз зебогиҳои зиндагӣ ҳаловат бурда мегаштам. Намедонам барои кадом гуноҳам Худованд сари пириҳо маро ба ботлоқи нангине партофт. Падару модарам хеле пир шуда буданду дар деҳа зиндагӣ мекарданд, ду бародару ду хоҳарам низ, зуд-зуд ба деҳа рафта меомадам ва ҳама маро чун як зани порсову ҳалолкор мешинохтанд. Хусуру хушдоманам аз дунё гузашта бошанд ҳам, хешу табори шавҳарам маро дўст медоштанду ҳурмат мекарданд. Рўзе ба дорухонаам як ҷавонмарди қоматбаланди ситорагарм даромад, барояш дорувории хостаашро додам. Ӯ гуфт, ки дарди ғадуди зери меъда азобаш медиҳаду агар дар ҳамин наздикиҳо ягон дармонгоҳ бошад, бояд зудтар як сузандоруяшро гузаронад. Ман гуфтам, ки метавонам мушкилашро осон кунам, ҳамин тавр, шиносоии мо оғоз ёфт.

Исфандиёр аз як ноҳияи дурдаст буда, дар пойтахт кор мекардааст. Ӯ он қадар ба ман меҳрубонӣ мекард, ки одаму оламро фаромӯш карда, як бегоҳ барои хўроки шом ба хона даъваташ кардаму бо ҳамин дигар нарафт. Акнун ман мисли занҳои аврупоӣ шавҳари бе никоҳ доштам. Ҳар вақте ба вай мегуфтам, ки “биё, никоҳ кунем”, мегуфт, ки “ҳоло ягон мулло зани дуюмро никоҳ намекунад”. Ҳамин тавр, мо як солу панҷ моҳ бе никоҳ зиндагӣ кардем, шаш моҳи аввал ҳамааш хуб буд, оҳиста-оҳиста Исфандиёр ниқобашро аз рў кашиду кӣ буданашро нишон дод.

Ў майхораи гузаро буд ва гумон мекунам, ки аз маводи мухаддир низ истифода мебурд. Ҳар рўз маст меомад, аз бонкҳо қарздор буд, зани аввал ва чор кўдакашро падару модари пираш аз ҳисоби нафақаашон нигоҳубин мекарданд. Ў аз ман ҷавон буд, вале майхорагӣ чунон ҳолаташро бад карда буд, ки мегуфтӣ аз ман чанд сол калон бошад. Вақтҳои охир маст меомаду то рўз сигор дуд мекард, оҳиста-оҳиста ба сари ман даст мебардоштагӣ шуд. Маро ҳақорат медод, доду фарёд мекард. Чандин бор либосҳояшро ба сумкае андохта, аз дар берун партофтам, аз хона рондамаш, аммо ў боз бахшиш мепурсиду мегуфт, ки дар шаҳр ҷои хоб надорад ва дилам ба ҳолаш месўхту боз ба хонаам роҳ медодам. То замони бо ман вохўрдан, Исфандиёр дар хонаи як рафиқаш зиндагӣ мекардааст, вале бо сабаби майхорагияш дӯсташ муносибаташро аз ӯ кандааст.

Исфандиёр як дона нон ҳам ба хона намеовард, чанд бор пул қарз пурсид, вале гуфтам, ки ман пули қарз медодагӣ надорам, туро мехўронам, ҳамин кифоя аст. Ҳар рӯз худро мазаммат мекардам, ки чаро сари бебалоямро дар бало гузоштам, зеро ў ғайри хўрдану хобидан ҳеҷ робитае ба ман надошт, гумон мекардӣ, ки иҷоранишин аст. Аввалҳо ҳар бегоҳ ба хона арақ меоварду менўшид, ман инро манъ кардам, ў дигар масту аласт меомад. Охирин бор он қадар маст буд, ки аз дар даромаду дар роҳрави хона афтод, маро ҳақорат дод, гиря кард, худамро мекушам гуфт…

ШОИСТА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД