Салом! Ман, як зани дар чорсӯйи ҳаёт зору ҳайрон монда мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат пурсам. Ман зани сарватманд ҳастам, бисёриҳо ҳаваси зиндагиамро мехӯранд.
Аз чизе танқисӣ намекашам, фарзандонам дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, гули чизро мехӯрему гули чизро мепӯшем, аммо бо ҳамин қадар дороиву боигарӣ хушбахт нестам. Шавҳарам аввалҳо маро дӯст медошт ва намемонд, ки поямро ба заимн сахттар гузорам, вале баъди оне, ки соҳиби мансабу вазифа гашта, ба қавле як мардаки бообрӯ ва пулдори чор кас медидагӣ шуд, тамоман аз худ рафтааст.
Пули зиёд дорам гуфта, якто не, чанд зани баҷоӣ гирифтааст, вале ба ин ҳам қаноат накарда, боз маъшуқабозӣ карда мегардад. Аксар вақт шабҳо ба хона намеояд ва ҳатто занг зада намепурсад, ки дар хона чи гапу ману бачаҳоям зиндаем ё мурда.
Дар байни маъшуқаҳои бешумори шавҳарам духтарҳои хеле ҷавон низ ҳастанд. Ҳамин шабу рӯзҳо мардакам ҳамеша аз паси як арӯсаки 20-солааш саргардон аст.
Вақте ки шавҳарампай дар пай чанд рӯз ба хона намеояд, ташвиш шуда, ба ҷои кораш ӯро кофтанӣ меравам, вале шояд маро аз камера мебинад, ки ба коргаронаш «раис нестанд гӯед» гуфта,амр мекунад.
Хулоса, аз дасти ин марди духтарбоз ҷонам ба лабам раисдааст. Дилам ба тамом аз мардакам ях барин хунук шудааст, вале хотири фарзандонам наметавонам аз баҳри ин марди бевафо гузарам. Намехоҳам, ки фарзандонамро дар кӯча мардум мазоқу масхара кунанд, ки падару модари шумо дар пирӣ ҷудо шуданд, бар замми ин, ман дигар ҷавон нестам, ки дубора шавҳар кунам.
Бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кунам, ҳамсояҳо ба ҳолам механданд, аз ҳамин сабаб лаб зери дандон гирифта мегардам. Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, то шавҳарам аз роҳи хато баргардад?
Зулфия, хонандаи Оила. ТЧ