Ман бо ҳайрат ба шавҳарам нигоҳ мекардам, ӯ фаҳмид, ки аз ҳадди эътидол берун шудааст, хомӯш монд. Баъд рақамҳои телефони Нафисаро аз телефони авсунам навишта гирифтам.
Ман телефон надоштаму бо модарам бо телефони Баён гап мезадам. Ин дафъа вақте ки Баён телефонро барои занг задан дод, ман зуд рақамҳои Нафисаро чидам, номи ӯ дар рӯйхати номҳо раиса навишта шуда буд. Баъд интернетро гирён кардам….
Дар Вотсап сӯҳбатҳои маҳрамонаи муаллимаи беадаби шавҳардузд ва шавҳари хиёнаткорамро хонда, ҳуш аз сарам парид. Шавҳарам он қадар Нафисаро бо сухан навозиш мекард, ки ҳеҷ гоҳ ин гуна суханҳоро ба ман нагуфта буд. Аламам карду телефонро бурда, ба ҷояш монда гиристаму гиристам.
Аз асабонияти зиёд чапнде пас тифлаки семоҳаи батнамро афтондам. Ман бемор хоб будаму шавҳарам як шабу як рӯз бедарак шуд. Телефони авсунамро гирифтаму ба Нафиса занг задам, ӯ зуд гӯширо бардошта, “лаббай янгаҷони қандам” гуфта буд, ки ман гапашро бурида гуфтам:
-Апаи Нафиса, Баён бо шумост?!-
Ӯ худашро гум карда гуфт, ки “янгаааа”, “ман зани Баён Миҷгона”, гуфтам.
Нафиса бо овози ларзон гуфт, ки “Миҷгона ин чӣ гап? Баён бо ман чӣ кор мекунад. Ман дар хонаи апаам дар маърака” ва ман телефонро куштам…
Баён рӯзи дигар омад ва ман бори аввал бо шавҳарам ҷанги сахт кардам. Аввал гуноҳашро ба гардан нагирифт, вале баъд иқрор шуда гуфт, ки Нафисаро дӯст медорад ва ӯро ба занӣ мегирад. Ман бо алам гириста гуфтам, ки ҳаромии ту зад, тифлаки бегуноҳам дар батнам мурд, талоқамро деҳ, баъд рафта гир Нафисаатро!
Баён дар ҷавоб оромона гуфт:
- Ман Нафисаро кайҳо никоҳ кардам ва ягон ҳаромӣ надорам, ту бетаҷрибаи шалаққа кӯдакатро афтондӣ, онро бори ман макун!
Ба ғами кӯдаки дунёро надидаам ғами бераҳмии шавҳари хоинам зам шуд ва ман қуттии доруҳоро кушода, намедонам чӣ қадар дору хӯрдам.
Вақте ки ба ҳуш омадам, модарам дар болои сарам зор-зор мегирист. Падару модарам маро як ҳафта табобат карданду боз ба хонаи шавҳарам равон намуданд, хушдоманам ба модарам гуфтааст, ки рашки беҳуда мекунад. Модарам вақти гуселам гуфт:
-Э духтари сода, шавҳари бекорхоҷаи ту ба кӣ даркор аст? Айб аст ба Худо, дигар моро шарманда накун!
Ба хона омадам, апаи калонии шавҳарам маро ба хонаи дигар дароварда, дар танҳоӣ ҳамроҳам сӯҳбат кард. Чун асли воқеаро гуфтам, ба Нафиса телефон карда гуфт:
-Гӯш кун, адреси хонаатонро деҳ, ман омада, бо ту бешарафи хонавайронкун сӯҳбат кунам!
Нафиса аз он тараф гуфт, ки ман хонаи шумо меоям, ман падару модаре надорам, ки шумо ба сари онҳо оед ва баъди ним соат ҳозир шуд. Ӯ чунон гап мезад, ки мегӯӣ гуноҳе надорад.
-Миҷгона, ба ман шавҳари ту даркор не, ман хонаву дару мошин дорам, худам пул кор карда, зиндагиямро меёбам, чӣ даркор ба ман шуи кас, агар даркор бошад, бе занашро меёбам!
Хоҳаршӯям хеле ҳақораташ кард…
Инак, як моҳ аз ин ҳодиса гузашт, вале ҳамсарам ҳамон аҳмадаки порина аст. Дермониву шаб гумшуданҳо, бӯйи атри зани бегона, нигоҳи сарду гуфтугӯҳои дарозмуддати телефонӣ. Шояд зиндагии навоғози мо вайрон шавад, зеро худам низ дигар тоқати асабоният надорам. Аммо аз минбари баланди ҳафтавори «Оила» ба муаллимаи шавҳардузд гуфтаниям:
-Нафиса, ту ҳеҷ гоҳ аз ҳисоби бадбахт кардани ман хушбахт намешавӣ! Одами бараҳм, хонаи мурчаро вайрон намекунад, чӣ хел дилат мешавад, ки хонаи мани бегуноҳро вайрон кунӣ?! Боқӣ ту ва шавҳари хиёнаткорамро ба Худо месупорам!