Дарде дорам, ки бигӯям, забонам месӯзад, нагӯям мағзи устухонам месӯзад, арӯсакам, нав як сол мешавад, ки шавҳар кардаам. Соли аввали арӯсӣ бояд пур аз шодиву васлу ширин бошад, аммо…
Бонуи сафедандоми қадбаланди зебое ҳастам, волидонам тарбияи хубам додаанд, ҳарчанд нахондааму маълумоти олӣ надорам, вале модари азизам тамоми ҳунарҳои занонаро ёдам додааст. Хостгорони зиёде доштам, лекин падарам хешу табори худамон хубанд гӯён, хостгории як ҳамшаҳриямонро қабул кард.
Медонистем, ки ин оила миёнаҳоланду домодшаванда донишгоҳро хатм карда бошад ҳам, ҷое кор намекунад. Падару бародарони ман худ зиндагии шоиста дошта бошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ касеро бо чашми кам нигоҳ намекунанд, аз ин рӯ, маро ба хешбачаи миёнаҳолаш агар аз ҳисоби худашон тӯй карданд гӯем ҳам, хато намешавад. Баъдҳо бо ёрии акаи калониям шавҳарамро дар як бонк муҳосиб гирифтанд.
Маошаш он қадар баланд набуд, вале мо ҳамроҳи хусуру хушдоман ва додаршӯяму оилааш осудахолона зиндагӣ мекардем.
Оҳиста-оҳиста Баён-шавҳари ман қилиқҳои нав пайдо карду акнун шабҳо ба хона дер меомад, баъзе шабҳо намеомад ва ӯро падару модараш дар кофтан медаромаданд, зеро телефонҳояшро мекушт. Ман пай мебурдам, ки ҳамсарам ғайри ман бо зани дигар низ робита дорад, зеро бо телефон пайваста дар тамос буду парешонҳолу андешаманд. Чун аз ӯ мепурсидам, ки ягон каси дигар дорӣ, не мегуфт, қатъиян рад мекард.
Шавҳарам дер меомаду ман ба хотири дар назди авсунам забонкӯтоҳ нашудан чизе намегуфтам, вале дар танҳоӣ зор-зор мегиристам. Сарам дард мекард, иштиҳоям баставу зиндагӣ дар назарам тираву тор буд, аммо худамро ба даст мегирифтам.
Дар дунё ягон сирре нест, ки пӯшида монад. Бо мурури вақт ҳама аҳли оила ҳис карданд, ки шавҳарам бо зани дигар робита дорад, танҳо намедонистанд, ки ӯ кист? Инро низ ман кашф кардам ва дар рӯзи иди рамазон…
Шавҳарам ҳар рӯз субҳи барвақт ба кор мерафт ва чун роҳаш аз назди мактаб мегузашт, писари ҳеварамро бурда, дар мактаб мемонд. Нисфирӯзӣ ӯро модараш рафта меовард, баъзе вақтҳо шавҳарам ҷиянашро меовард. Рӯзи иди рамазон мо тайёрии хуб дидем ва писари ҳеварам, ки дар синфи дуюм мехонд гуфт:
-Янга, муаллимаамон идгардак меояд.
Хушдоманам бо хурсандӣ гуфт, ки майлаш, гӯй биёяд, як бор дидамаш, духтараки хушрӯе аст, Аҳмадҷонро бисёр дӯст медорад ва писари ман мегӯядаш.
Рӯзи ид тахминан соатҳои чор ду хонум ба хона омаданд, ки якеаш Нафиса- муаллимаи Аҳмад будааст. Онҳо сари дастархони пурнозу неъмат бо хушдоманам сӯҳбати гарме доштанд. Нафиса барои хушдоманам идона гӯён, матои қимматбаҳо ва рӯймоли сабзи туркие низ оварда буд. Пас аз чанде Баён саросема ба хона ворид шуду маро надида, аз авсунам пурсид:
-Янгаҷон, муаллимаи Аҳмад омад?
Аввунам оре гуфту Баён давида ба меҳмонхона даромада бо меҳмонон вохӯрӣ кард ва то рафтанашон аз наздашон нахест. Ҳангоми рафтанашон аз қафояшон баромада, бо ҳамин нисфи шаб омад. Ман нигоҳҳои пурмеҳру мазмундори муаллимаро бо шавҳарам эҳсос кардам ва фаҳмидам, ки маҳз Нафиса аст рақибам. Инро танҳо барои худам кашф кардам ва аз пайи кушодани хиёнати шавҳарам шудам.
Хушдоманам бехабар аз дили ман Нафисаро таъриф мекард:
-Бечора духтарак нав ба сӣ даромадааст, дар бисту ҳашт шавҳар карда, шаш моҳ зиндагӣ карда, бебахт шудааст. Падару модар надорад, хайрият падараш одами пулдор будаасту барояш хона гирифта монда будааст, вагарна ҳозир кӣ дар дари хонаи янга меғунҷад,-хушдоманам ин суханҳоро мегуфту Баён ба даҳони ӯ нигоҳ карда сар меҷунбонд, ман худамро дошта натавониста гуфтам:
-Пирдухтар шуда баъд шавҳар кардаасту боз шаш моҳ зиндагӣ карда, ҷудо шудааст, бисёр пирдухтарҳо ба кори хонаи шавҳар тоқат намекунанд, зеро хӯрда гаштаанду ба ин омӯхта шудаанд.
Ҳамин вақт гӯё Баёнро барқ зада бошад, аз ҷо як қад париду суп-сурх шуда гуфт:
-Духтарҳо мисли ту дар ҳабдаҳсолагӣ шӯ намекунанд, мехонанд, карера мекунанд, пул кор карданро ёд мегиранд, баъд шавҳар мекунанд. Ана ҳамин гуна духтарҳо дар зиндагӣ пару боли шавҳар мешаванд…
Давом дорад