Sebiston new 2024 october
Шавҳаратонро бой кардан мехоҳед?
23.04.2022
ОИЛА
1797

 

Ҳар як зан мехоҳад шавҳараш бою бадавлат бошад, вале пешравии зхиндагӣ ва афзун гаштани сарвати мард пеш аз ҳама ба зан вобастагӣ дорад.

Мард пулёб ва корчаллон бошад ҳам, ҳаргиз бой намешавад, агар ҳамсараш роҳу равиши зиндагиро надонад.

«Сарфаи сари оташдон- савдогари Ҳиндустон» мегуфтанд бибикалонҳоямон, яъне зани сарфакор ба буҷаи оила ҳамин қадар фоидае меорад, ки як тоҷири ба Ҳинд рафта мол меовардагӣ…

Худованд низ сарфакоронро дӯст медорад, пас сарфаву сариштакор бош!

Зани сарфакор шавҳарашро бадавлат мекунад, зиндагии хубро барои фарзандон фароҳам меорад.

 

Зани сарфакор қаноти шавҳар аст, яъне он чиро, ки мард бо заҳмати зиёд пайдо мекунад, ӯ боақлона истифода мебарад.

Яке аз хислатҳои ҳамидаи бону ин сарфакорӣ аст ва ин амал ӯро дар назари шавҳар ва пайвандон бақадр мекунад.

Сарфакор ҳеҷ гоҳ гурусна намемонад!

Зани ҳунарманд аз маҳсулоти оддӣ низ метавонад хӯрокҳое тайёр намояд, ки дастархонашро зеб дода, меҳмонро дар ҳайрат гузорад.

Зани сарфакор ҳеҷ гоҳ дар назди меҳмони ногаҳонӣ хиҷолатзада намешавад ва ба дари ҳамсоя рӯйи ниёз намеорад.

Ҳеҷ гоҳ аз пайи мӯд давида, пули бо арақи ҷабин ёфтаи ҳамсаратро ба матоъҳои гароннархи дар асл беарзиш сарф накун.

Зани хушсалиқа, ҳатто бо арзонбаҳотарин либос низ зебо ва маданӣ менамояд.

Сарфакорӣ маънои онро надорад, ки бояд аз нони даҳони фарзандон зада пул ҷамъ намоӣ, сарфакорӣ буҷаи оиларо аз харҷҳои беҳуда нигоҳ доштан аст.

Зани хуб ҳамеша ѓами рӯзи мабодоро мехӯрад ва чанд тангаҳаке дар гӯшае мепартояд, кӣ медонад, ки фардо чӣ мешавад?!

Аз лазизтарин хӯрданиҳо кам-кам ҷое гузор, мабодо меҳмоне аз дарат дарояду дастархонат холӣ бошад!

Бадхарҷонро Худо дӯст намедорад ва баракатро аз даргаҳашон мебардорад.

Баракат ёри ҳамешагии сарфакор аст!

Бадхарҷӣ заволи ризқу рӯзист!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД