Arzon march 2024
ШАВҲАРАМРО ЗАН ДОДАНД…
5800

 

Дар оилаи бомаърифат, яъне коргар ба дунё омада, дар рӯҳияи фармонбарии волидайну шавҳар тарбия ёфта будам. Падарам дар як ҳавлӣ бо келинҳо зиндагонӣ мекард.

Модарам панҷ  фарзанд доштанду бо келинҳояш бисёр муносибати хуб доштанд. Мо боре байни онҳо ҷангу ҷанҷол ва гапгузарониро надида будем. Модарам  духтару келинҳоро пайваста насиҳат мекард. Маро, ки духтари калону қадрас шуда будам, ҳамчун як зани фармонбардору итоаткори шавҳар тарбия менамуд. Яке аз дӯстони падарам, ки ба хонаи мо ҳамеша рафтуо дошт, маро барои писараш хостгорӣ кард. Тӯям хеле оддӣ гузашт, на карнаю сурнай буду на рақсу бозӣ, маъракаро бо магнитофон гузаронидем. Дар хонаи шавҳар як авсун доштам ва мо, ду келин аз ҳамсар дида, ба ғулом бештар шабоҳат доштем. Рӯз то бегоҳ кори хонаи шавҳарро, ки тамомшавӣ надошт, анҷом медодему хаставу лакот шуда, шабона мисли мурда мехобидем... Занҳои қайниҳоям кӯдакдор буданд, вале ман ҳанӯз келинчаки нав, яъне арӯсак ба ҳисоб мерафтам.

- Кӯшиш кун, ки дар давраи арӯсият аз оғӯши шавҳар сер шавӣ, вагарна кӯдакдор, ки шудӣ, шавҳарат бо баҳонаи «маро ҳамчун зан қонеъ намекунӣ» мисли шавҳарони мо як–ду зани дигар мегирад,-гуфтани авсунҳоям дар қалбам ларза меафканд.
- Ман ҳеҷ гоҳ барои зангирии шавҳарам розигӣ намедиҳам,-ҷавоб медодам бо дили пур ба онҳо.
-Эҳ-ҳа. Мо ҳам чунин мегуфтем, аммо...

Лабхандҳои талхи ин ду зан он замон ба торҳои асабам нохун мезад. Худ ба худ фикр мекардам, ки занҳои қайниям барқасдона ин суханҳоро мегӯянд, то ки айши маро бо шавҳарам талх гардонанд. Ҳарчанд қайниям воқеан ҳам, мисли падар ва хусурам буд, аммо меҳрубониҳою ширинсуханиҳои шавҳарамро дида, ба он ки ягон вақт ӯ ҳам ба «роҳи калонҳо» меравад, бовариям намеомад. Пас аз соле соҳиби писар шудем. Писаракам бисёр бадғаш буд. Ӯ рӯзона мехобиду шабона то субҳидам чиррос зада, гиря мекард.

-Айнан хурдсолиҳои падараш. Падараш ҳам ҳамин одатро дошт, -хавотириҳои маро аз нолаҳои шабонаи писаракам дида, тасалло медод хушдоманам.

Хушдоманам барои мо, келинҳо мисли модар ғамхору меҳрубон буд. Ӯ ба мо дар ҳар кор маслиҳатҳои беғаразонаашро дареғ намедошт. Ин зан ҳам мисли модари ману авсунҳоям ба хотири “фардои қиёмат биҳиштӣ шудан” дарди гаронро сабурона таҳаммул менамуд. Шавҳарам баъди фарзанддор шудан якбора тағйир ёфт. Шабҳо аз ман бо баҳонаи он ки «кӯдакамро ором кардаву талаботҳои ӯро ҳамчун зан қонеъ намесозам» қаҳр мекард. Суханҳои зани ҳеварам акнун дар гӯшҳоям садо медоданд. «Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам»,-меандешидам дар дилу Худоро зора мекардам, то дар дили шавҳарам тавфиқ андозаду фикри зани дигар гирифтан ба сараш наояд. Шабе ӯ аз ҳарвақта дида, ба ман бештар меҳрубонӣ кард. Зуд фаҳмидам, ки «Саломи дӯстон бе тамаъ нест». Охир, кӯдакам яксола мешуду шавҳарам аз чилрӯзагии вай инҷониб маро чунин дӯстдорӣ накарда буд.
-Занак, як маслиҳат дорам,-гуфт шавҳарам он шаб.

Ларза дар андомам афтод. Дарк намудам, ки дар бораи чӣ маслиҳат кардан мехоҳад, вале хомӯш истодам, аниқтараш надонистам, ки чӣ гӯяму чӣ кор кунам.
-Барои чӣ намепурсӣ, ки чӣ маслиҳат?– пурсид шавҳарам хомӯшии маро дида.
-Хайр, чӣ маслиҳат?–ноилоҷ пурсидам.
-Ман боз як зани дигар гирифтаниям,-яку якбора масъаларо  ба миён гузошт ӯ. Бо шунидани ин сухан парида аз ҷой хестаму болои ҷойгаҳ нишастам.
- Чӣ?! Ҳуш доред шумо, чаро як зани дигарро ҳам ба никоҳ медароред?!- пурсидам бо овози гирифта.

-Охир, ман мардам. Худат дида истодаӣ, ки аз рӯзи таваллуди писарат аҳволамон чӣ хел аст.

-Ин як баҳона аст. Аслан дар авлоди шумо кӣ як зан дорад, ки шумо ба як зан қаноат кунед?! Дигар мардон як зан доранду бо як зан намурдаанд. Шумо ҳам зани дигар нагиред, давоми суханамро базӯр фурӯ бурдам.
-Мо ду–се зан нагирем, мемурем–ҳа? Давоми суханатро чаро нагуфтӣ?! –гӯён, мушти обдоре ба сарам  фаровард.

Суханони насиҳатомези модарам ба хотир расид. Дилам аз ғам пур буд, аз шавҳарам сахт хафа шудам, аммо барои он ки аз ман наранҷаду «дӯзахӣ» нашавам, «мебахшед, гунаҳгорам» гӯён, аз вай узр пурсидам. Агар ягон вақти дигар чунин рафтор мекардам, мумкин шавҳарам маро ҳеҷ гоҳ намебахшид, вале он гоҳ ӯ маро зуд бахшиду бо ман маслиҳати зани дигар гирифтанашро бо камоли майл идома дод.
-Ҳоло ягон касро ёфтаед?–пурсидам ману фиқ–фиқ ба гиря даромадам.
-Шуд, бас! Гиря накун. Аз зангирии ман дунё ба охир намерасад–ку?   Ҳоло ягон касро наёфтаам, биё, якҷоя кобему ёбем,- маро оғӯш карда, ба таври худ ҳазл намуд вай, вале дар дили ман ҳазл намеғунҷид.
-Майлаш, модоме, ки қарори зангириро гирифтаед, ман садди роҳи шумо шуда наметавонам, аммо иҷозат диҳед, ки модаратон  бароятон зан ёбанд,-гуфтам илтиҷоомез ба шавҳар ва бо ҳамин гӯё ба ифоқа омадем, вале ман сабру қарор, хобу хӯрро аз даст додам. Гумон доштам, ки замину замон ба ҳолам механданд.
-Гапи калон задам назди авсуну апаҳоям, гапи калони калон. Лозим набуд ба онҳо калонгарона «Ман ба зангирии шавҳарам ҳеҷ гоҳ розӣ намешавам» гуфтан, - пичиррос мезадам худ ба худ мисли ақлбохтагони савдоӣ. Дар сарам ҳазору як андеша буд, пайваста фикр мекардам, ки хушдоманам барои шавҳари ман киро меёфта бошад. Вақт мегузашт. Шавҳарам сабурона интизор буд, ки кай хабари барояш зан ёфтани модарашро мерасонам.

-Занак, ба фикрам, модарам барои ман духтари шоҳи париён ё ягон фариштаи осмонӣ кофта истодааст, ки ҳанӯз хомӯш аст,-шабе дар ҷойгаҳ тоқати шавҳарам тоқ гашта, пурсид аз ман нимшӯхию нимҷиддӣ.- Сабр талх аст, аммо меваи ширин дорад,-мегӯянд Парвина.

-Писарамон хеле аҳл шудааст, акнун ман дар хизмати шумо ҳамеша тайёрам, шояд фикри зани дигарро аз сар дур мекунед?

Авзои шавҳарам якбора тағйир ёфт.
- Номаъқул кардӣ! Хоҳӣ, нахоҳӣ, ман зан мегирам. Аз аввал ба умеди ту шудан лозим набуд.

Баъди шунидани ин сухан дилам ба ларза даромад. Ҳамсояамон духтари қадрасе дошт, хушдоманам барои шавҳарам духтари ҳамсояро интихоб кард. Оилаи мо дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя обрӯю нуфузи зиёд дошт. Шавҳарам ҳар шаб дар хонаи «арӯси нав» буд. Ман бошам, дар чунин шабҳо то субҳ мисли оругазида аз дарди ҷонкоҳи рашк печутоб мехӯрдам. Хушдоманам ба шавҳарам гуфт, ки акнун арӯсро ба хона биёрад.

-Духтар, ки шавҳар кард, бояд ба хонаи шавҳар равад.

-Аввал дар ин бора бо падарам ҳарф задан лозим,-ҷавоб дод вай.

Хусуру хушдоманам суханони ману шавҳарамро бо диққат гӯш карда, сипас гуфтанд:

-Агар занат бо вай созиш кунад, мо розӣ. Омада, корҳои хонаро карда мегардад,- аз номи худу хушдоманам ҷавоб дод хусурам.

Акнун ману писарам дар хонаи дарун ҷойгаҳ андохта мехобидем, шавҳарам то соати 1-и шаб назди зани дуюмаш мехобид. Баъдан ба хона омада, ҷойгаҳашро дар ошхона партофта, то саҳар аз мо ҷудо хоб мерафт.  Худоё, хеле гарон будааст, муросо кардан бо зани дуюми шавҳар. Дарду алами гаронро даруни дил пинҳон карда, дар пеши хусуру хушдоману ҳеварам хандаҳои дурӯғин мекардам.

 ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД