Sebiston new 2024 october
Шавҳарамро се талоқ кардам! (ҚИСМИ 2)
12.05.2024
ФАРИЗА
1629

Хизматгори беминнат

Зиндагӣ боз бо маҷрои пештарааш равон шуд. Тирамоҳ рафтуомад ба шаҳр душвор гашту аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки муваққатан ягон хонаро иҷора бигирем. Вай бо ҳамон шарт розӣ шуд, ки падару модар ва хоҳаронашро низ ҳамроҳи худ барем. Ночор дар маҳаллаи 33-юми пойтахт хонаеро иҷора гирифта, тамоми аҳли оиларо ба шаҳр кӯчондам. Пули иҷорахонаро бародарам медод, ман бошам, мисли хари боркаш ҳар рӯз ба хона хӯрока мекашондам. Хусуру хушдоманам ба дараҷае аз худ рафта буданд, ки дигар ҳатто барои шиками худашон ду дона нон намехариданд. Аз картошкаю пиёзу шакару равған сар карда, то супурдани пули барқу об ҳама ба зиммаи ман буд, гӯё шавҳар нею зан гирифта бошам...

Бо ҳамин минвол чанд сол тоқат карда, мисли шавҳардори бешавҳар зиндагӣ намудам. Ба номаш шӯ дошта бошам ҳам, тамоми вазнинии зиндагӣ ба гардани худам бор буд, вале бо ин ҳама ранҷу азоб пеши касе лаб ба шикоят намекушодам, то нагӯянд, ки ин занак коргару пулёб шуда, дигар шавҳарашро писанд намекунад. Душвор бошад ҳам, боз дар як ҷойи дигар кор ёфта, дар се баст кор мекардам, то пеши ягон кас муттаҳам ва муҳтоҷ нашавем. Марди дигар мебуд, чунин зани меҳнатиро тоҷи сар мекард, вале шавҳари бекорхӯҷа ва бесаводи ман баръакс маст шуда, торафт маро таги по мекардагӣ шуд. Дар ҷайбаш як тин пул надошта бошад ҳам, аз худаш бойбача метарошид ва арӯсбозӣ карда, шабҳо ба хона намеомад. Ин беҳаё заррае шарм надошта, баъзан маъшуқаҳояшро ба хона ҳам меовард...

Падари фарзандкуш

Шавҳарам нағмаҳои нав ба нав бароварда, ба қиморбозӣ гузашт. Вай шабҳо ба хонаи ҷӯраҳояш футбол тамошо мерафту саҳар ман ҳамёнамро холӣ меёфтам. Чанд бор пурсидам, ки пулҳои маро ӯ нагирифтааст, вале “маро дузд мегирӣ” гуфта, ҷанҷол кард. Билохира фаҳмидам, ки шавҳарам бо ҷӯраҳои аблаҳаш қиморбозӣ мекунад.

Хулоса, як шом шавҳарамро дар болои дуздиаш доштам ва бо алам гуфтам:

- Ман зан шуда, дар се ҷо хар барин кор мекунам, ки ба ягон кас муҳтоҷ нашавем. Шавҳар шуда, то имрӯз ту ба ман ҳатто як ҷӯроб нахаридаӣ, ки дар поям пӯшам. Тамоми оилаи шуморо ман хӯронда истодаам. Ба ҷойи раҳмат гуфтан, боз пулҳои маро медуздӣ? Мурдани ту барин мард сад бор беҳтар аст...

Шавҳарам ба ғазаб омад ва “ту фоҳиша аз худ рафтӣ-ку” гӯён, маро чунон лагадкӯб кард, ки хун ба банди поям шорида, аз ҳуш рафтам. Дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ қарор доштам, вале тифли батнам бар асари мушту лагади падари бераҳми бекорхӯҷаю қиморбозаш дар шикамам мурд. Бо аз даст додани фарзандам охирин шуълаи умед дар дилам хомӯш гашт...

Се талоқат кардам, мардак!

Аз таваллудхона бо дасти холию чашмони ашкбор баргашта, шавҳарамро боз дар назди телевизор дидам. Вай чашмашро аз экран наканда, телевизор тамошо мекард. Аз гиребонаш гирифта, гуфтам:

- Ту шӯйи ман не, шӯйи ҳамин телевизор ҳастӣ, чунин зиндагии аблаҳона ба дилам задааст, ҷавобамро деҳ, меравам!

- Ман зани сар медодагӣ надорам,- даст афшонд шавҳарам.

- Ту қудрати талоқ додан надошта бошӣ, ман худам туро талоқ медиҳам. Эй мардаки беномус, се талоқат кардам! Се талоқат кардам! Мешунавӣ, се талоқат кардам!,- дод задам девонавор.

Шавҳарам мехост боз маро зери мушту лагад гирад, вале ман ҳам ин дафъа паст наомада, сару рӯяшро бо нохунҳоям канда гирифтам. Доду фиғони моро шунида, тамоми ҳақу ҳамсояҳо ба тамошо омаданд. Шавҳарам аз одамон шарм дошта, “ман аз ин хел зани албастӣ безорам, оча, талоқашро додам” гӯён, ҷавоби маро дод.

Хушдоманам ҳафт пушти маро дашномҳои қабеҳ дода, ба падару модарам занг зад, ки “омада, духтари шаттоҳатонро баред, бачаамро қариб кушта буд...”.

Ҳамин тавр оилаи мо вайрон шуд. Шавҳарам маро не, ман шавҳарамро талоқ додам, чунки бо чунин марди беномус зистан ба дилам зада буд. Ҳоло дар хонаи падару модарам зиндагӣ карда истодаам ва аз ягон чиз камбудӣ надорам.

ФАРИЗА, аз шаҳри Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД