Дар оила фарзанди яккаву ягона будам. Модарам пеш аз ману баъди ман панҷ фарзанд таваллуд карда бошад ҳам, ягонтои онҳо зинда намондаанд. Волидайн маро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт менамуданд, то бегазанд ба камол расам. Бо ҳазор нозу нуз ва эркагиҳо ба воя расидаму баъди хатми мактаби миёна қарор додам, ки таҳсиламро дар ягон донишкадаи олӣ давом медиҳам. Аммо бахтам омад накард.
Асири ишқ
Аз ман дида, хушбахттар касе дар олам он замон вуҷуд надошт. Охир донишҷӯ гашта, ба орзуи дили хеш расида будам. Се моҳи хониш зуд гузашт.
Пӯшида нест, ки айёми донишҷӯӣ писарон ба духтарон гаппаронӣ карда, барои хеш маҳбуба интихоб мекунанду паймони муҳаббат мебанданд ва агар тақдир рафта бошад, бисёрии ин ошиқу маъшуқон оиладор мешаванду соҳиби фарзандони нозанин...
Зафар ду курс аз мо боло таҳсил мекард. Ӯ аз моҳи аввали таҳсил ба ман гаппаронӣ карда, ошиқ гаштанашро бароям пинҳон намедошт. Қаду қомати расо ва чашму абрӯи сиёҳаш ба ман ҳам писанд омада буд.
Аммо кӯшиш мекардам, ки худро ба даст гираму зуд фирефтаи ишқу муҳаббати вай нагардам. Вале истодагариҳои Зафарро таҳаммул карда натавонистаму билохира ба номаҳои ишқияш, ки як ғарам шуда буд, ҷавоби мусбат додам. Мо ҳар ду хушбахт будем.
Ӯро ба хонаамон бурда, бо падару модарам шинос кардам. Зафар, ки дар хонаи бачагон тарбият ёфтаву аз меҳру муҳаббати волидайн бенасиб монда буд, дар симои волидайни ман падару модари худро ёфт.
Падару модарам ҳам ӯро чун фарзанди худ қабул карданду пайваста дуогӯи хушбахтии мо буданд. Ҳама ба ишқу муҳаббати мо бо чашми меҳру шавқ нигоҳ мекард. Моро “Лайливу Маҷнуни асри бист” меномиданд. Оре, ишқамон воқеъан ҳам ишқи ҳақиқӣ буд. Ишқе буд, ки дар он ҳавову ҳаваси ноҷо ҷой надошт.
Оғози рӯзҳои сард
Вақте ки Зафар донишкадаро хатм карду ман ба курси сеюм гузаштам, мо оиладор шудем. Зиндагиямон афсонаро мемонд. Афсонаи сеҳрангезро. Тавлиди се фарзандамон –Хуршеду Гулчеҳра ва Анӯшервон ин зиндагиро дучандон зебо гардонд.
Ман ҳам дар ин муддат донишкадаро хатм карда, дар мактаби деҳаамон муаллимагӣ мекардам. Мо дар хонаи волидайни ман зиндагӣ мекардему падару модарам дар ҳама кор ёвару мададрасонамон буданд.
Зафар дар шаҳр кор мекард. Аввалҳо барои аз хонаи мо ба кор рафтану омаданаш монеае вуҷуд надошт. Аммо як сол зимистон сард омаду ӯ бо ҳамин баҳона дар шаҳр хонаеро ба иҷора гирифт.
Акнун ману фарзандонам ӯро дар як ҳафта ҳамагӣ ду рӯз-рӯзҳои шанбею якшанбе медидему халос. Дар феълу атвори шавҳар дигаргуниҳои зиёдеро пайхас мекардам.
Зафар бо ман муносибаташ сард гашта буд. Ба кӯдаконам ҳам он қадар диққат намедод. Мабодо сабаб пурсам, мондашавию вазнинии корашро баҳона пеш оварда, кӯшиш мекард, ки аз сӯҳбат гурезад...
Дидор бо зани шавҳарам
Рӯзе дар мактаб будам, ки Хуршедам ба наздам омаду хабар дод, ки ба хонаамон як занак омадасту модарам гуфтааст, ки зуд расида биёям.
Дар дилам оташ афтод. Намедонам, аз чӣ бошад, ки зуд дарк кардам, ки омадани ин зан ба Зафар алоқамандие дорад.
Ба хонаамон омада, зани рангуборкардаеро, ки бо модарам баланд-баланд ҳарф мезаду Зафар-Зафар мекард, дидаму амиқ дарк кардам, ки вай бо Зафар рабт дорад.
-Духтарам, омадӣ. Ин занак пеши ту омадааст,-маро дида гуфт модараму вазнин аз ҷой хеста, ба хонаи дарун даромад, то ки ашкрезиашро набинам.
Вале ашки чашмонашро бо нӯги рӯмол пок карданаш аз чашмам пинҳон намонд.
-Ману Зафар якдигарро дӯст медорем. Никоҳ ҳам дорем. Имрӯз, пагоҳ фарзанддор мешавем,-бе ягон салому аллейк бо ман сухан сар кард меҳмони нохондаамон.
Забонам лол, чизе гуфта наметавонистам. Гӯшҳоям ҳам қулф заданд. Зафар-Зафар... Наход баъди ин қадар меҳру муҳаббат ва зиндагии хуб ба ман хиёнат кунад,-меандешидам худ ба худу чашмамро аз рӯи зан канда наметавонистам.
-Сага базӯр шикор бурда намешад.
Шумо ҳам наметавонед базӯр Зафара дореду зиндагӣ кунед. Манам одам. Фикри се фарзанди шумоя мекунам. Зафар алимент фиристода меистад. Аз сару либосу хӯрокашонам бохабар мешад...
Ҷудоӣ
Зафар паяшро аз хонаамон канд. Ӯ се сол бе ному нишон буд. Ман ҳам талоше барои пайдо карданаш надоштам. Хиёнаташ нобахшиданӣ буд. Падарам бемор шуду баъди се моҳи бистарӣ гаштан аз олам гузашт. Ӯро дарду доғе, ки маро месӯзонд, афгор карда, ниҳоят ба вартаи марг тела дод.
Ҳарчанд ман зани қонунии Зафар будаму бо вуҷуди ҳамаи нокасиҳояш то ҳол бо вай рӯ ба рӯ нашудаву сухане нагуфта будам, Зафар дар маросими дафн наомад. Ҳол он, ки бо хоҳиши модарам, писари ҳамсоя ӯро ба ҷаноза хабар карда буд.
Ин кори Зафар болои сӯхтаи ман намакоб гашт. Дигар қарори қатъӣ додам, ки ӯро ҳеҷ гоҳ нахоҳам бахшид. Баъди маросими соли падарам ба суд аризаи ҷудоӣ пешниҳод намудам. Зафар рӯзи таъинкардаи суд ба суд ҳозир шуд.
Танҳо не. Ҳамроҳи ҳамон зану фарзанди якҷояашон, ки ҳар замон бо вай бозӣ мекарду аз рухсораш мебӯсид. Пеши назарам симои се фарзанди худам, ки шабу рӯз чашм ба роҳи падар буданд, омаду аз хорӣ гириста фиристодам. Зафарро дуои бад кардам, ки уболи фарзандонам гирадаш...
Мо аз ҳам қонунӣ ҷудо шудем.
-Дигар ту зани ман нестӣ, ҷавобата додам,-назди ман омада гуфт Зафару ҳамроҳи зани ёфтааш рафтанд. Чашми ашкборам аз паси онҳо нигарон монд.
Он замон ман ба ҷуз ғам, хорӣ ва аламу дард мутаккое надоштам. Ягона мӯнису ғамгусорам-модари меҳрубонам барои нигоҳубини кӯдаконам дар хонаамон монда буд...