Салом ба кулли хонандагони сомонаи Оила. ТЧ!
Ман як зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам аз шумо маслиҳат бипурсам.
38-сола ва модари 4 фарзанд ҳастам. Ману шавҳарам дар вақташ ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудем. Ман аз оилаи сарватманду шавҳарам аз оилаи камбағал буд, аз ҳамин хотир волидонам зидди издивоҷамон буданд, вале мани аз ишқ Лайлӣ гашта ду пояморо ба як мӯза андохтам, ки ғайри ҳамин бача дигар ба ҳеҷ кас намерасам. Аҳли хонаводаамон ночор розигӣ доданд ва ҳамин тавр мани бойдухтар келини як оилаи камбағал шудам.
Бо кӯмак ва дастгирии падарам шавҳари почамкандаам оҳиста-оҳиста роҳашро дар зиндагӣ ёфта, соҳиби пулу мол шуд ва ба қатори оамон даромад. Гумон доштам, ки вай ба қадри некиҳои волидонам расида, маро рӯйи даст бардошта мегардад, аммо баъди соҳиби 4 фарзанд шуданамон ин мард симои аслиашро нишон дода, хиёнату занбозиро сар кард. Аллакай чанд бор шуд, ки ба сари беваҳояш рафта, бо ҷангу ҷанҷол шавҳарамро аз маъшуқаҳояш ҷудо мекунам, вале ин мардак ҳеҷ ин одати бадашро намепартояд. Чанд рӯз пеш шунидам, ки боз як духтари ҷавонро ёфта, аз ман пинҳонӣ ӯро никоҳ карда гирифтааст. Мегӯянд, ки аз никоҳашон аллакай чанд моҳ гузашта зани шавҳарам аллакай шояд ҳомиладор ҳам шуда бошад.
Бовар кунед, аз вақте ки ин хабари шумро шинидаам, хун ба сарам зада ба худ ҷойи нишаст намеёбам. Дилам мехоҳад рафта зани нави шавҳарамро мурдакӯб кунам ва рӯю мӯяшро канда гирам, вале метарсам, ки мабодо маро ҳам мисли Азиза зиндон накунанд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед,шавҳарамро чӣ хел аз зани дуюмаш ҷудо кунам?
С. Г, сокини ш. Душанбе.
Аз идора!
Хоҳари азиз! Шумо мехоҳед оилаатонро аз парокандагӣ нигоҳ доред, вале ба хотир чӣ? . Барои он ки «қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад»? Хотири фарзандонатон, ки аз меҳру муҳаббати падар маҳрум нагарданд? Ба хотири гапи мардум?
Шумо бояд пеш аз ҳама ба ин саволҳо ҷавоби аниқ ёбед, дар акси ҳол рашки оламсӯз ва ноумедӣ шуморо дар ҳақиқат девона карда ба ягон амали баде даст зада метавонед, ки дар ҳақиқат оқибаташ метавонад фоҷиа бошад.
Шумо худатон иқрор шудаед, ки аллакай чанд маротиба ба сари маъшуқаҳои шавҳаратон рафта, бо ҷангу ҷанҷол ва рӯканию мӯйканӣ падари фарзандонатонро аз онҳо ҷудо кардед, вале ин мардак боз ҳамон корашро идома дода, маъшуқаҳои нав ба нав пайдо мекунад. Бовар кунед, ба сари зани нави шавҳаратон рафтанати шумо маънӣ надорад, чунки ҳатто аз баҳри ин духтар гузарад ҳам, боз маъшуқаи дигар меёбад.
бо шавҳаратон ошкоро сӯҳбат карда пурсед, ки чаро занбозӣ мекунад ва мақсадаш чист. Н кмабудӣ дар худи шумо бошад, кӯшиш кунед, ки ислоҳ шавед, вале дар дили ин мард дигар бароятон ҷой намонда бошад, беҳуда худро паст зада, зориву тавалло накунед, ки ба хотири фарзандонатон бо шумо зиндагиро идома диҳад.
Ба мард озодӣ диҳед, бигзор равад. Марде, ки дӯст намедорад, ӯро ҳатто бо занҷир ҳам баста намешавад ва агар монад ҳам, чунин мард наметавонад дар зиндагӣ барои зан такягоҳи боэътимод гардад.