Сарвиноз ҳастам, аз шаҳри Душанбе. Вақтҳои охир дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр мебинам, ки занҳои дуюмро мардум маломату танқиди зиёд мекунанд.
Ҳол он ки на ҳамаи занҳои дуюм дар сарнавишти ба сарашон омада гунаҳкоранд. Шахсан ман намехостам зани дуюм бошам, аммо ҷавонмарде ҳангоми бо ман шинос шуданаш бо китоби бузурги Қуръон қасам хӯрд, ки зан надорад. Ҳатто модараш ба хостгорӣ омада гуфт, ки писараш аз занаш ҷудо шудааст.
Танҳо пеш аз маргаш хушдоманам аз ман бахшиш пурсида гуфт, ки ба хотири писараш дурӯғ гуфтааст. Шавҳарам дар тарабхона тӯй карда, маро гирифта буд. Баъди шаш моҳи тӯй, ки аллакай ҳомиладор будам, аз хоҳаршӯям фаҳмидам, ки шавҳарам зану панҷ духтар доштааст. Рӯзе занаш маро бо духтари калониаш кофтанӣ омад. Байнамон ҷанг сар заду онҳо дукаса маро заданд. Сипас милисакашӣ сар шуд.
Ба хотири шавҳарам гуноҳи онҳоро бахшидам. Ба шавҳарам гуфтам, ки “кори шудагӣ шуд, мардак, бо ҳардумон як хел муносибат кун!” Аммо зани якуми шавҳарам аз ҷаҳл намефаромад. Боре дар набудани шавҳарам омада, боз маро таҳқир кард. Гуфт, ки “аз шавҳари ман ҷудо шав, ба ту панҷ ҳазор доллар медиҳам. Писаратро гирифта, аз Тоҷикистон рав, вагарна туро азоб медиҳам. Шавҳарам пеш аз ту ҳам як духтарро фиреб карда, аз ӯ соҳиби дугоник шуда буд. Ман ба як мард пул додаму мард он духтарро ба худ ошиқ кард. Ҳамин тавр, аз ӯ халос шудам”. Баъди шунидани ин гап гуфтам, ки даҳ ҳазор доллар деҳ, ӯро тарк месозам.
Зани шавҳарам аз ман ду моҳ муҳлат хост. Инак, як моҳ гузашт. Ҳайрону музтар мондаам. Шумо дар ҷои ман бошед, чӣ кор мекунед? Илтимос, таҳқир накунед.
С.