arzon replenishment
ШАВҲАРАМРО БА ҶОДУПАРАСТ НАМЕДИҲАМ!
16.08.2020
Р. Азимӣ
2746

 Ҳамсарамро дӯст дошта бо ӯ оиладор шудаам. Ӯ муҳоҷири доимии Русия мебошад. Ҳатто пеш аз оиладор шуданамон ӯ ба Русия рафта меомад ва аз онҷо ба доим занг мезад. 

Бо меҳнати ҳалоли худаш ба хонаамон хостгор фиристод. Азбаски шавҳарам ҷавони Худотарсу баҳунар ва соҳибмаърифат буд, падарам дар ҳол розї шуданд.Бо амри Худованди Бузург мо тӯй кардем. Як солу шаш моҳ хизмати хушдоманамро адо намуда, соҳиби як тифл шудем. Шавҳарам дар як сол як бор аз Русия бо дасти пур бармегашт. Аввалан бо пулҳои меҳнатияш хоҳарчаашро ба шавҳар дод. Сонӣ ба сохтумони хона оғоз намуд. Ҳар гоҳе, ки меомад, пулашро ба масолеҳи сохтумонӣ харҷ мекард. Якҷо бо рафиқонаш дар муддати кӯтоҳ, бо дастони моҳираш хонае сохт, ки бинӣ ҳавасат меояд. Аз хонаи хушдоман бо обрӯйи баланд ба деҳаи дигар, ба хонаи сохтаи шавҳарам кӯчидем. Ҳарчанд азоби зиёд кашида бошем ҳам, лекин қариб ба орзуҳоямон расида будем.

Чун ки ба ҳар пастиву баландии зиндагӣ тоқат намудем. Барои пеш бурдани зиндагиямон шавҳарам хеле талош меварзад. То ин муддат боз соҳиби писарча гаштем. Писари калониям дар синфи 4 – ум таҳсил мекунад, дигарияшро бошад ҳамин сол ба мактаб супоридем. Болои ин боз ҳомиладорам. То омадани як ҳамсояи нав, ки бевазани ҷодупараст буд, зиндагиямон хуб мегузашт. Аммо вақте, ки ӯ ҳамсояи рӯбарӯямон шуд, қариб шавҳарамро аз ман мегирифт. Мани сода ақламро кор нафармонда бо ӯ муомилаи хуб доштам. Ӯ ба хонаам раҳ меододам. Вақте ки шавҳарам ӯро дар хона дид, ба ман фишор оварда ҷангу ҷанҷол намуд, то ки дигар ӯро ба дигар ба хона роҳ надиҳам.

Вақтҳои охир аз дарвозааш баромадани мардони бегонаро бисёр мушоҳида намудам. Дар охир ақлам ба сарам омад, ки ӯ зан не, балки фоҳишазан будааст. Замоне, ки шавҳарам ба Русия рафт аз фурсат бисёр истифода мебурд. Зуд – зуд ба хона меомад. Мани дилсӯз боз ба фиребу найрангҳояш бовар намуда, ӯро ба хона хӯш омад мекардам. Моҳи ҳомиладориям пур шуду шавҳарамро бо армуғони Худодод пешвоз гирифтам. Вале фоҳишазан, ки сурати ману шавҳарамро дӯздида буд, муносибати манну шавҳарамро каме дигаргун сохт. Шавҳарам мисли пештара неву бо чеҳраи хаста аз дари хона медаромад. Нисбати манну фарзандонаш меҳраш канда шуд. Гоҳҳо бо ман задухӯрд мекард. Худаш кори кардаашро намедонист.

Баъди ҷангу ҷанҷол аз кори кардааш пушаймон мешуд ва доим мегуфт, ки ба ӯ чи балое кардаанд. Ман аз тарс сирро бой намедодам, ки ӯ ҷодупарастро ба хона роҳ дода будам. Бо ҳамин тариқ он бевазани Худозада мехост шавҳарамро аз ман ҷудо созад, вале ман нагузоштам, ки ин корро кунад. Бо маслиҳати дугонаи наздикам ба Имомхатибе муроҷиат намудам, ки риштаи нимкандаи зиндагиямонро аз нав барқарор намуд.

Ҳоло бошад аз ҷодуи ин бева халос шудаем ва ӯ айни ҳол ин деҳаро тарк намудааст.Зиндагиямон мисли пештара осудаву хотирҷамъ аст. Ба ҳамин хотир ба сомонаи «Оила» муроҷиат намудам, ки ин саргузашти манро ба муштариёнаш расонаду ба онҳо дарси ибрат шавад.

Занҳои муҳтарам, ҳеҷ гоҳ бо зани ҷодупараст ошно нашавед ва ба хонаатон роҳ надиҳед. Ин оқибати хуб надорад. Худо ҷазои ин гуна беҳаёҳоро медиҳад. Аммо ман шавҳарамро ба ҳеҷ кас намедиҳам.

                                                                           Севара, н.Айнӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД