Ҳафиза Шарипова сокини деҳаи Тубеки ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ин зани 40-соларо азоби бемории ду фарзандаш ба идораи сомонаи Оила. ТЧ овардааст.
Ҳафиза Шарипова модари 4 фарзанд буда, ҳанӯз 7-сол пеш аз шавҳари якумаш ҷудо шудааст. Ҷавонзан мегӯяд, падари фарзандонаш мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ҳамасола ба Русия мардикорӣ мерафт. Барои он ки ба танҳоӣ кашидани аробаи зиндагӣ ба ҳамсараш гаронӣ накунад, фарзандони хурдсолашро ба парастории модараш гузошта, зан ҳамроҳи шавҳараш ба Русия коркунӣ мерафтааст, вале....
“Медонистам, ки аксари мардҳои тоҷик дар Русия дурудароз бе зан зиндагӣ карда натавониста, албатта зани рус мегиранд. Барои он ки хонавайрон нашавам, кӯдаконамро ба модарам гузошта, ба назди шавҳарам мерафтам. Баробари мардон заҳмат кашида, бо маблағе, ки бо меҳнати ҳалоли дар Русия ба даст овардам, як хонача сохтам, аммо талошҳоям барои муҳофизати оилаам аз вайронӣ барабас рафтанд. Шавҳарам ду пояшро ба як мӯза андохта “дигар набиё” мегуфт, баъдтар фаҳмидам, ки зани рус гирифтаасту аз ман пинҳон медорад. Соли 2013 расман ҷудо шудем”-қисса мекунад бо алам ин зани тоҷик.
Шикасти бахт барои зан, хоса барои занони тоҷик, ки оиларо муқаддас медонанд, зарбаи сахт аст. Ғаму алами хонавайронӣ ба саломатии ин зан низ бе таъсир намонда, ба гирдоби беморӣ мепечад. Пас аз чанд соли табобатҳои пай дар пайи беҳосил табибон ба Ҳафиза маслиҳат додаанд, ки ба хотири саломатиаш бояд шавҳар кунад, зеро дар сурати таваллудкардани кӯдак захме, ки дар бачадонаш ҳаст, худ аз худ нест мешавад, дар акси ҳол ин касалӣ ӯро то ба марг мерасонад.
“Фарзандонам аз навозиши падар маҳрум буданд, барои он ки аз модар ҳам маҳрум гашта, тамоман бесоҳиб намонанд, маҷбур шудам, ки ин пешниҳодро қабул карда, бо никоҳи мусалмонӣ ба шавҳар бароям. Аз шавҳари дуюмам як писарча дорам. Дар ҳақиқат баъди таваллуд кардани писарчаам саломатиам беҳтар шуд, вале писарчаи хурдӣ ва духтари дуюмам бемор шуда, рӯзам сиёҳ гашт”-мегӯяд ҷавонзан.
Духтари дуюми Ҳафиза-Мавлудаи 12-сола 3 сол боз бемор буда, ба қавли модараш “ҷин ё парӣ дорад.” Духтарак худ аз худ аз ҳуш рафта, чанд соат сарду карахт мехобад, ӯро бо сад азоб ба худ меорад, вале баъди ба ҳуш омадан хотираашро аз даст дода, касеро намешиносад.
Ба хотири табобати фарзандаш ду сол дар ба дари беморхонаҳо гашта бошад ҳам, табибон ба дарди духтараш даво ёфта натавонистаанд. Дуохонӣ ва табобатҳои халқӣ низ ягон натиҷа надода истодаанд.
-Бовар кунед, қариб як моҳ боз на шаб хоб дорам, на рӯз орому қарор, чунки вақтҳои охир аҳволи духтаракам бениҳоят бад шуда истодааст. Ба назараш ҳар хел махлуқҳои баднамуд метобанд ва аз тарс фиғони талх кашида аз ҳуш мераваду бо ҳамин чанд рӯз мурда барин мехобад. Пас аз ба ҳуш омадан баъзан сарашро таги кӯрпа карда бо “ҷинҳояш” гап мезанад ва ваъда медиҳад, ки ба наздашон меравад. Метарсам, ки дар вақти бехудӣ аз хона баромада наравад, чунки аҳлу ҳуши духтарам тамоман дар ҷояш нест,-мегӯяд Ҳафиза Шарипова.
Мавлуда бояд алҳол дар синфи 5-ум таҳсил кунад, вале бо сабаби бемориаш вақтҳои охир ба мактаб рафта натавонист. Муаллимон ба хотири аз таҳсил дур намонданаш ба хонаашон омада, дар хона ӯро дарс медоданд.
Шавҳари дуюми Ҳафиза аз худаш чанд сол хурд ва ҷавони муҷаррад буда, волидонаш ӯро бо тӯю тамошо бо духтари ҳамсинну соли худаш хонадор кардаанд. Пас аз оиладор шудан ӯ дигар Ҳафизаро тамоман суроғ намекунад ва дар тарбияи писарчааш кӯмак намерасонад. Ҷавонзан бо 4 фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда, чи кор карданашро намедонад.
-Писарчаам дар хунаш микроб дорад, ба духтарам “ҷин” ёр шудааст. Фарзандонам солим мебуданд, боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мерафтам, вале ду кӯдаки касалмандро чӣ хел партофта равам?!-мегӯяд зан бо чашмони ашкбор.
Мавлуда бояд аз ташхиси тамографӣ гузарад, вале барои тамография кардан модараш маблағ надорад. Аз ҳамин хотир Ҳафиза Шарипова ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намуда, аз хонандагони сомона мадад пурсиданист.
-Эҳтимол дар байни хонандагони шумо шахсоне бошанд, ки чунин бемориро аз сар гузаронидаанд ва роҳҳои табобаташро медонанд. Ман ба маслиҳати чунон одамон ниёз дорам.
Аз муштариёни Оила.ТЧ хоҳиш ва илтимос мекунам, ки ба ман, як модари танҳову зори тоҷик дар табобати фарзандонам, хоса дар табобати духтарам Мавлуда, ки бисёр духтараки зебо ва боақлу доною хушзеҳн буд, ёрӣ расонанд.
Шахсоне, ки ба Ҳафиза Шарипова ягон маслиҳати судманд доданиянд ё дар табобати фарзандонаш ба ӯ дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд, метавонанд ба рақамҳои 938-62-87-88 ва ё 908-85-88-36 занг зада, бо худи Ҳафиза ҳамсӯҳбат гарданд.