arzon replenishment
Шавҳарам зани дуюмашро ҳар ҳафта ба Варзоб ва Сафеддара мебарад, вале...
30.06.2024
ОИЛА.ТҶ
3737

Ман баъди 17 соли оиладорӣ фаҳмидам, ки шавҳарам зани пинҳонӣ ва як писарча доштааст. Ҳол он ки мо соҳиби се писар ҳастем. Баъди шунидани ин хабар дунё дар чашмонам торикистон гашт.

Вақте ба назди зани шавҳарам рафтам, ин ҷавонзан бо ашки шашқатор нақл кард, ки гӯё шавҳари ман чанд сол пеш зориву тавалло карда гуфтааст, ки “занам таваллуд намекунад, ба ман фарзанд даркор аст, зани ман шав!”. Ба ин “комедия” хушдоманҷонам ҳам қуш будааст. Ӯ ҳатто шарм накарда, ба хонаи духтар ба хостгорӣ рафтааст. Шавҳарам дар тарабхонаи “Гулдаста” тӯю тамошо карда, пинҳонӣ ин духтарро ба занӣ гирифтааст.

Мани сода бехабар ҳар як тини шавҳарамро сарфа намуда, барои худаш хароҷот мекардам. Боре ману фарзандонамро барои тамошо ба ягонҷо набурдааст. Аммо зани дуюмашро бо писарчааш ҳар ҳафта ба Варзоб ё Сафеддара мебурдааст.

Дилам аз шавҳарам сард гаштааст, хеле озурдаам. Чӣи кор кунам?

Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД