Салом! Ман Садбарг, як зани тоҷик, ки дар орзуи дидори падари фарзандонаш хун мехурад. Мехоҳам сарнавишти худро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудем. Аввалҳо зиндагиамон хеле ширн буд, вале баъди оне, ки шавҳарамро аз ҷойи кораш ихтисор карданду бе кор монд, ба қавле сагу пишак шудем. Мардакам хеле кор кофта бошад ҳам, ҳеҷ ягон кори табъи дилашро наёфта, аз зиқӣ рӯ ба шароб овард.
Бо дӯстонаш тез-тез менӯшид, то ғами дилашро барорад.
Ростӣ, ҳамон шабу рӯзҳо саломатии ман чандон хуб набуд, вале бемор бошам ҳам, дар мактаб фаррошӣ карда, бачаҳоямро мехӯрондам. Барои зан ба танҳоӣ бо пули маоши хӯрондану пӯшондани чор кӯдак ниҳоят мушкил аст, рӯзе косаи сабрам лабрез гашт ва бо падари фарзандонам ҷанг шуда, дар сари қаҳр “Ба ман шавҳари тайёрхӯр даркор нест, аз пайи зиндагӣ шав ё тамоман баромада рав, то дигар туро набинаму насӯзам! ” гуфтам.
Мардакам ба ғазаб омада, маро мурданивор зад ва баромада рафт. Бо ҳамин дигар ӯро надидам. Чанд рӯз пас аз забони ҳамсояҳо шунидам, ки шавҳарам ба Русия рафтааст, вале на занг мезанад ва на моро суроғ мекунад. Хешу табораш аз ман домангиранд.
Хушдоманам дар тамоми маҳалла овоза кардааст, ки писарам аз дасти зани ҷакокаш ба ҷон расида, сарашро гирифта, аз Тоҷикистон баромада рафт. Кӯдаконам барои падарашон зор-зор гиря мекунанд.
Намедонам сарамро ба куҷо занам. Ҳоламон рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст, чизи хӯрданӣ надорем. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Садбарг, аз шаҳри Ҳисор