arzon replenishment
Шавҳарам маро мезанад, чӣ кор кунам?
1401

Шавҳарам маро эҳтиром намекунаду зиндагиамонро пеш намебарад. Бар замми ин, агар як гап гӯям, маро зери мушту лағад мегирад. Ин суханонро тез –тез аз забони занон фаҳмидан мумкин аст.

Сари қадам як зан ба дугонааш дарди дил мекунаду аз чунин хушунатҳои оилавӣ мегӯяд. Агар мандонамӣ карда, гуӣ, ки "тоқат накуну баромада рав" дар ҷавоб мегӯяд, ки бо се (барои мисол) кӯдак ба куҷо равам? Бале, дуруст! Бо се кӯдак дар куҷо меғунҷӣ?

Занҳое, ки баъди хатми мактаб ба шавҳар баромадаанду на фурсати хондани донишгоҳ ёфтаву на ягон ҳунареро ёд гирифтаанд, чӣ тавр метавонанд бе кӯмаки мард рӯз баранд?

Дар бисёр маврид чунин духтарон аз шавҳар хайр намебинанд. Зиндагӣ албатта барои мардон низ осон нест ва барои як тангаро ба тангаи дигар зам кардан, хуни ҷигар об мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки алами Исоро аз Мӯсо бояд гирифт.

Мардон одатан қаҳру ғазаби худро сари ҳамсарашон мерезанд. Албатта, ин ҳолати равонии мардро бояд ҳамсари хуб дарк кунад ва барои ором шудан каме таҳаммул дошта бошад. Аммо ин таҳамулнамоӣ ба он дараҷае набошад, ки аз меъёр гузарад.

Ҳаҷвнигори шодравон Аловиддин Абдуллоев дар як саҳнааш гуфтааст, ки агар барги пӯдинаро зери дандон гузорию ба суханҳои қаҳролуди шавҳар ҷавоб надиҳӣ, каме пас қаҳраш паст мешаваду боз аз гуфтаҳояш пушаймон мегардад.
Ин ҷо саволе ба миён меяд, ки вақте шавҳар паст мезанаду хонаводаатро бо алфози бад дашном медиҳад, чӣ хел мешавад тоқат кард?

Як ҳамсуҳбати Oila.tj, ки дучори чунин рӯзгор аст, гуфт, ӯ рӯзона кӯдаконашонро нигоҳ мекунаду корҳои хонаро анҷом медитҳад ва шаб хӯроки шом тайёр карда, баъди он боз барои пагоҳ омодагӣ мегирад, аммо бар ивази ин чунин “раҳмат” мешунавад, ки ин албатта ноҳақист ва таҳаммул карданаш баъзан номумкин аст.

Равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки аз ҳама роҳи осон бо суҳбат кардан ҳал намудани мушкилист. Аммо мушту лагади шавҳарро бо суҳбат ҳал кардан мумкин нест.

Дар дини ислом задани зан дар ҳолати аз ҳад нофармо будани ӯ иҷозат дода шудааст, аммо ин латукӯб на то андозае бояд бошад, ки зан осеби ҷисмонӣ бинаду хуншор ба дари беморхона равад. Албатта, ин ҳадис низ шарҳу тавзеҳи худро дорад, ки онро метавон соатҳо навишт.

Аз идора: Хонандагони азиз, андешаву таҷрибаи ҳаётирео, ки дар ин маврид доред, дар шарҳ нависед, ё дар шакли нома ба мо фиристед. Онҳо ҳатман нашр хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД