Sebiston new 2024 october
ШАВҲАРАМ МАРО БО СЕ ФАРЗАНДИ МАЪЮБ ПАРТОФТА, БА РУСИЯ РАФТ
4079

Ман дар оилае ба воя расидаам, ки гапи падар барои ҳамаамон қонун буд. Ҳам дар интихоби касб, ҳам дар интихоби ҳамсар ва умуман дар ҳамаи қарорҳои муҳими зиндагӣ.

Вакте синфи 9 - ро тамом кардам, маро бо писари холаам хонадор карданд. Ҳарчанд никохи хешутабориро намехостам, вале аз гапи падар саркашӣ карда наметавонистам. Маҷбур ба ин тӯй розигӣ додам.

Дар оилаи шавҳарам нофаҳмиҳои зиёде буданд. Аъзои оила бо шавҳарам муноқиша мекарданду ӯ қасдашро аз ман мегирифт. Пайваста латтукӯбам мекард. Ҳатто дар вақти ҳомиладор буданам ҳам бераҳмона маро мезад.

Фарзанди авваламон духтарча шуд. Шукр, ки таваллуди ӯ ба оилаи мо оромӣ овард. Зиндагиамон акнун беҳтар мешуд ва шавҳарам ҳам маро дигар намезад. Баъди 2 сол боз ҳомиладор шудам, вале дигар таваллуд кардан намехостам, чунки хархашаҳои зиндагӣ хастаам карда буданду маҷоли нигоҳубини кӯдаки хурдро надоштам. Лекин аз сабаби оне ки шавҳарам писардор шудан мехост, ноилоҷ таваллуд кардам.

Писарчаам бо гузашти вақт калон мешуд, аммо инкишоф намеёфт. Гап заданро дертар омӯхт. Инчунин, дер роҳ гашт. Кӯдакро ба назди духтур бурдан лозим шуд, вале шавҳарам иҷозат намедод. Доим пул надоштанашро баҳона карда мегашт. "Ягон кӯдаки қишлоқи мо духтурхонаро надидааст. Вақте касал мешуданд бо испанду равғани зағир, асалу пиӯзи таги алоб ва дигар даъвои хонагӣ табобаташон мекардем. Калон шудан гирад, аҳвлаш хуб мешавад", - гӯён шавҳару хушдоманам маро аз назди духтур рафтан бозмедоштанд.

Кӯдак 5 - сола шуд, ки ба роҳ гаштан шурӯъ кард, аммо як почааш дарозу дигараш кӯтоҳ буд. Вақте роҳ мерафт, мелангид. Шавҳарам инро дида, асабонӣ мешуд ва “ту кӯдакро нигоҳ накардӣ ва ӯ маъюб шуда истодааст", - гуфта, латтукӯбро сар мекард. Ман ҳанӯз аз замони таваллуд медонистам, ки писарчаам маъюб аст, лекин инро на ба касе гуфта метавонистаму на дар ин хона касе ба ману гапҳоям аҳамият медод. Болои ин ҳама сарзанишу муноқишаҳои хушдоману азобҳои шавҳар боз кӯдаки маъюб дардамро зиёдтар мекард.

Шавҳарам гӯё дар фикри писарчаи маъюбамон бошад, ба майнӯшӣ сар кард. Рӯзи дароз арақ менӯшиду ба хона омада, маро ҳақораткунон мезад. Аз ӯ ҷудо шудан мехостам, аммо падару модарам насиҳат карда, "Бояд тоқат кард. Бо гузашти замон ҳамааш нағз мешавад, ҳаёт бе мушкилӣ нест, духтарам", - гуфта, маро боз ба хонаи хушдоманам равон мекарданд. Чанд бор исрор ҳам кардам, ки рафтан намехостам, аммо нашуд.

Падару модарам аз дунё гузаштанд. Зиндагии пурпечутоби ман давом меёфт. Боз ҳам ҳамон таънаву латтукӯби шавҳар, сарзанишу киноязании хушдоману хоҳаршӯҳо, кӯдаки маъюб. Ҳамин хел, бо амри такдир боз як духтару як писарчаи дигар таваллуд кардам. Ҳардуяш ҳам маъюб буданд. Фақат садҳо шукр, ки фарзанди калониам солим аст.

Баъди чанд сол бо се фарзанди маъюб шавҳарам маро партофта, ба Русия рафт. Бародаронам дастгириам карда, бароям хона сохта доданд. Шавҳарам тез – тез занг зада, таънаам мезад, ки ман кудаки солим таваллуд карда наметовонам. Ҳаминро баҳона карда, шавҳарам дар кишвари рус зани нав гирифт ва ба гуфти худаш “фарзандони солим" ба дунё овард. Дар ҳар маротибаи занг заданаш пул мепурсидам, лекин хомӯш меистод. Агар дилаш мехост, равон мекард, вале агар не аз пул сухан намегуфт.

Аз ноилоҷӣ дар як мактаб ҳамчун фаррош ба кор даромадам. Вақте шавҳарам кор карданамро фаҳмид, занг заду бероҳа гуфта, таҳдид кард. Бо пули фаррошӣ духтари калониамро хонадор кардам.

Падарашро ба тӯй даъват намудем.

Вақте шавҳарам ба ватан омад, саволи аввалинаш "Бо пулҳои равонкардаи ман бо кӣ кайфу сафо кардӣ?" шуду бо ин баҳона маро латтукӯб кард. Ҳарчанд мефаҳмонидам, ки пулҳояш барои шиками фарзандони худаш сарф шудаанд, бовар намекард. Фарзандонам ин ҳолро дида, асабӣ мешуданд. Писари калониам барқасди таънаҳои падараш "Худам кор мекунам, оча. Ғам нахӯред" мегуфт. Писари дигарам ба маъюбиаш нигоҳ накарда, лангон - лангон дар бозор ароба мекашиду шиками моро сер мекард. Писари хурдиам мактабро тамом карда, ба донишгоҳ дохил шуд. Мехоҳад баъди хатми донишгоҳ муаллим шавад.

Шаҳарам ҳуҷҷатхои хонаро дар бонк гузошта, ба номи ман қарз гирифту чипта харида, боз ба Русия рафт. Қарзашро ҳар мох худам аз маоши фаррошиам пардохт мекунам. Ҳарчанд мушкил аст, вале аз буданаш дар байнамон набуданаш беҳтар аст. Умрам ҳам ба ҷое расидаасту дигар аз доду фиғоу ҷангҷол хаста шудаам. Дигар дидани дидорашро намехоҳам.

Қонунҳои сахти падар ҳаётамро сӯзонд, аммо ночор ба тақдир тан медиҳам. Шукр мекунам, ки фарзандонам ба маъюбиашон нигоҳ накарда, пешбари зиндагӣ шудаанд. Бо меҳнати ҳалол кор мекунанд. Доимо дуо мекунам, ки мисли падарашон нашаванду нисбати оилаи худ зулм накунанд. Росткор бошанд ва дар овони пирӣ танҳоям нагузоранд.

Хиромон,

хонанда аз н. Восеъ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД