arzon replenishment
Шавҳарам гуноҳамро бахшиду...
06.06.2022
ОИЛА
2690


Аслан ман бо нақли зиндагии худ худро таърифу тавсиф ё духтарони дигарро ба роҳи рафтаи худ ҳидоят карданӣ нестам. Сабаб аз рӯи коғаз овардани зиндагиномаам он аст, ки дигар духтарон ҳеҷ гоҳ хатои маро такрор накунанд.

Ман дар зиндагӣ хатои нобахшидание содир намудам, вале бо марде ҳамхонаву ҳамқисмат шудам, ки на танҳо маро аз гирдоби ноумедиву шармандагӣ раҳо бахшид, балки дар тӯли 7 соли зиндагии якҷояамон боре ҳам маро таънаву маломат накардааст. Гап сари он меравад, ки ман қабл аз оиладор шуданам бо ҷавоне ишқварзӣ мекардам. Боре дӯстдоштаам маро фиреб карда, ба номусам дастдарозӣ кард. Вақте аз ӯ талаб кардам, ки модарашро ба хонаамон хостгорӣ равон кунад, дар ҷавоб гуфт, ки чанд соле хоҳад, мурда-мурда хостгоронашро интизор мешавам. Ба ӯ гуфтам, ки барқасдаш шавҳар мекунам, вале ба ҳолам хандид.

Дар ин миён ба ман ҷавони дигаре хостгор шуд. Ба вохӯрӣ рафта, ба ӯ рӯирост ҳодисаи бо ман рухдодаро гуфтам. Барояш як рӯз муҳлат додам, ки агар маро бо гуноҳам қабул кунад, тамоми умр аз хати кашидааш берун намешавам. Ҷавон маро ба занӣ гирифт, ҳоло соҳиби як фарзанд ҳастем. Зани бениҳоят хушбахтам, шавҳарам дар давоми ин солҳо боре маро гапи пасту баланд нагуфтааст. Ба духтарони дигар гуфтанӣ ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ ба “дӯст медорам” гуфтани ҷавонҳо бовар накунед ва ҳеҷ гоҳ қадри худро паст назанед!
Л.Б.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД