arzon replenishment
Шавҳарам “фата” пӯшиданамро намебахшад
2590

Салом! Ман як наврарӯси семоҳа мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсам.

Аслан духтари шаҳрӣ ҳастам, вале як хеши дури падарам, ки дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунад, маро ба писараш келин кард. Вақти хостгорӣ омаданашон падару модарам гуфтанд, ки аввал ҷавонон як бор ҳамдигарро дида, сӯҳбат кунанд, вале модари домод “ ман пеш аз ин се писарамро хонадор кардам. Ягонтоашон арӯсро қабл аз никоҳ надида буданд, вале шукри худо зиндагиашон хуб аст.

Бачаҳоям аз хати кашидаам берун намебароянд ва духтареро, ки ман маъқул кардам, қабул мекунанд. Ҳоҷат ба вохӯрии духтару бача нест” гӯён, гапи худашро гузаронд. Ҳамин тавр мо ҳамдигароро надида фотиҳа шудем ва тарафи қудо ҷиҳози арӯсиамро оварданду тӯй сар шуд. Азбаски аксари духтарони шаҳрӣ дар рӯзи тӯйи арӯсиашон “фата” мепӯшанд, ман ҳам орзуву ҳавас карда, бо пули қимат либоси арӯсӣ гирифтам ва ба кошонаи ҳусн рафтам, то ки рӯю мӯямро оро диҳам.

Домод аз вақти таъйиншуда пештар омадааст, падарам дам ба дам занг зада, тезтар омаданамонро талаб мекарданд, вале ороиши рӯю мӯйи ман ҳанӯз нотамом буд. Бехабар аз хислату хӯйи домод мисли дигар арӯсакон ман ҳам ноз карда “Бигзор интизор шавад” гуфта, телефонамро хомӯш кардам, вале...

Ниҳоят машшотаҳо корашонро ба анҷом расониданд ва ман бо либоси сап-сафеди арӯсӣ амсоли ҳур зебо шуда ба хона омадам. Гумон доштам, ки бо дидани чунин ҳусну ҷамол шаҳбача ба ваҷд меояд, аммо хаёлам хом баромад. Домод маро дидан замон қошу қавоқ гиронд ва бо оринҷаш ба китфам зада гуфт: “Ҳоло ист, барои нописандиат рӯзатро сиёҳ мекунам!” Ҳуш аз сарам парид, ки наход дар рӯзи тӯй шаҳ ба арӯсаш чунин гапҳои сахт занад.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, апаи домод ҳам бо қошу қавоқи овезон ба наздам омада “додари ман бачаи намозхон аст, барои чӣ ту розигии моро напурсида фата пӯшиди” гӯён, хеле сарзанишам кард. Аламам омад ва гиряолуд “апаҷон, одам як бор тӯй мешавад, охир ҳар як духтар дар дилаш орзую ҳавас дорад...” гуфтам. Апаи домод ранҷида “эй ин очаи ман кофта-кофта як арӯси гапгардону катагинок ёфтааст” гуфту бо кароҳат аз наздам дур шуд.

Ҳамин тавр мани арӯсак бо дили пурғам ба хонаи домод омадам. Хонаи шаҳ ба тӯйхона ҳеҷ монандӣ надошт, на садои мусиқӣ буд, на карнаю сурнай. Бо як дег ош меҳмононро гусел карданд ва бо ҳамин тӯй ба охир расид.

Шаби дигар домодро ба наздам дароварданд. Ба ҷойи он ки ба арӯс меҳрубонӣ кунад, шаҳбача аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ бо гапҳои қабеҳаш диламро сиёҳ кард. Ба гуфти домод, гӯё фата пӯшидани ман обрӯйи ӯро дар байни бачаҳо ва мардони маҳаллаашон резондааст. “Бо ин кафани пӯшидааш маро дар назди ҷӯраҳоям шарманда кардӣ. Бачаҳо “арӯсат девонача будаст-ку” гуфта, маро масхара карданд” гуфта, дар шаби аввал домод маро ду-се шаппотӣ зада, таъкид кард, ки ҳаргиз ин корамро намебахшад.

Ҳамин тавр ҳаёти оилавии ман аз рӯзи аввал бо талхи сар шуд. Зиндагиямро се моҳ шуда бошад ҳам, то ҳол шавҳарам фата пӯшиданамро намебахшад. Шабе нест, ки диламро сиёҳ накунад. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, гӯшамро ба карӣ зада гардам ё аз баҳри чунин ҳаёти пур аз дарду ранҷ гузашта, ба хонаи падару модарам баргардам?

Нилуфар, сокини Хуросон

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Наима садпуштшаҳрӣ 2023-06-24, 18:50
Оҳ кабутар бо кабутар боз бо боз гуфтаанд. Шумо як ғел қишлоқиҳои дар шаҳр калон шуда на қишлоқигитон малуму на шаҳрибуданатон. Дар назди шаҳрнишинони асил по любому қишлоқиен, сад фата пушену сад беэзору нумол гарден боз қишлоқиен. Саги шаҳри бутон намена. Баъд ягон қули қишлоқира пир шуда миевену баъд шаҳрӣ гуфта фата мепушен, ана оқибатуш. Чапу росттона фаҳмен нимчаҳаҳриҳои садпуштқишлоқиҳо!!
Посух
Расул 2023-06-25, 10:53
Адреса те
Посух
Шафкат Мукими 2023-08-28, 13:16
Шавхаратон Бехтарин Корро Кардааст Ман Хам Як Солу Як мох Шуд Хонадоршавиамро Ман Хам Ба Хамсарам Фаттарро Ичозат Надодам Куртаи Чаккан Дошт Хамсари Ман Маро Хам Масхара мекарданд ки чаро арусатро фатта напушонди Чун Ки Ин Фатта Либоси Мусалмон Нест Апачон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Наима садпуштшаҳрӣ 2023-06-24, 18:50
Оҳ кабутар бо кабутар боз бо боз гуфтаанд. Шумо як ғел қишлоқиҳои дар шаҳр калон шуда на қишлоқигитон малуму на шаҳрибуданатон. Дар назди шаҳрнишинони асил по любому қишлоқиен, сад фата пушену сад беэзору нумол гарден боз қишлоқиен. Саги шаҳри бутон намена. Баъд ягон қули қишлоқира пир шуда миевену баъд шаҳрӣ гуфта фата мепушен, ана оқибатуш. Чапу росттона фаҳмен нимчаҳаҳриҳои садпуштқишлоқиҳо!!
Посух
Расул 2023-06-25, 10:53
Адреса те
Посух
Шафкат Мукими 2023-08-28, 13:16
Шавхаратон Бехтарин Корро Кардааст Ман Хам Як Солу Як мох Шуд Хонадоршавиамро Ман Хам Ба Хамсарам Фаттарро Ичозат Надодам Куртаи Чаккан Дошт Хамсари Ман Маро Хам Масхара мекарданд ки чаро арусатро фатта напушонди Чун Ки Ин Фатта Либоси Мусалмон Нест Апачон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД