Салом! Ман зани 40-солаи тоҷик ҳастам ва мехоҳам саргузашти талхи шавҳарамро нақл кунам, то ба дигар мардони муҳоҷир дарси ибрат гардад ва ҳаёташонро бо дасти худашон барбод надиҳанд.
Ману шавҳарам дар солҳои хеле душвор-давраи ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон риштаи тақдирамонро ба ҳам пайвастем. Падару модарам духтур, оилаи мо зиёӣ ва ман духтари соҳибмаълумоти шаҳрӣ бошам ҳам, аз тарси яроқбадастон, ки дар он даврони хунини бесарусомонӣ духтарони қадрасро аз пеши чашми волидонашон бо зӯрӣ яроқ маҷбуран гирифта мебурданд, падару модарам маро ба як ҷавони деҳотӣ, ки ҳатто маълумоти миёна надошт, ба шавҳар доданд. Азбаски шавҳарам аз оилаи камбизоат ва бар замми ин гуреза буд, пас аз тӯй ду-се сол дар хонаи волидони ман зиндагӣ кардем, баъди ба дунё омадани фарзанди дуюмам падарам бароямон як ҳавличаи зебо харида тӯҳфа кард.
Ман аввал омӯзишгоҳи тиббиро хатм намуда, баъд ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда будам, вале ҳангоми дар курси сеюм хонданам маро ба шавҳар доданду баъди никоҳ шавҳарам маҷбур кард, ки донишгоҳро партоям. Шавҳарам худаш на маълумоти олӣ дошт на ягон касбу кор, тамоми хароҷотҳои оилаи моро падару бародаронам таъмин мекарданд, аз ҳамин хотир борҳо зорию тавалло кардам, ки иҷозат диҳад ақаллан ҳамчун ҳамшираи шафқат дар ягон беморхона ба кор дароям, ин дар дар пеш бурдани зиндагӣ каме ҳам бошад, кӯмак карда метавонад, вале ин марди якрав “ту магар девонӣ, хешу табори ман фаҳманд, ки занам кор мекунад, ба ҳолам хандида, маро масхара мекунанд” гӯён, на ба ман иҷозати кор кардан медод ва на худаш аз паси ягон кори дуруст мешуд, ки зиндагиро пеш барад.
Хулоса, бо ҳамин аҳвол соҳиби 4 фарзанд шудем ва ҷони падару модарам низ ба лабашон расида, ошкоро гуфтанд, ки замонаҳои душвор паси сар шуданд, акнун илоҷе карда, худамон сарҳисоби зиндагиамонро ёбем, чунки онҳо дигар имконияти пурра таъмин намудани оилаи калони моро надоранд.
Шавҳарам ба ҷойи он ки барои 10 соли дароз моро хӯрондану пӯшонданашон ба падару модарам раҳмат гӯяд, хафа шуда, барқасди волидони ман ба қавли худаш бизнесмен шудан хост ва ҳавлиеро, ки падарам туҳфа карда буд, дар бонк гарав монда, пули калон қарз гирифт, вале аз ӯҳдаи тиҷорат баромада натавониста “бонкрот” шуд. Бонк бар ивази қарз хонаамонро кашида гирифту бо 4 фарзанд дар кӯча мондем.
Ман рӯйи дубора ба хонаи волидонам баргаштан надоштам ва ба шавҳарам гуфтам, ки илоҷи корро худаш ёфта, ҳамчун мард ягон чора андешад. Ҳамсарам роҳи ягонаи наҷотро дар муҳоҷират дида, аввал худаш ба Русия рафт, баъд ману фарзандонамро низ ба наздаш даъват кард. Азбаски пул надоштем, охирин дороиям-зару зевареро, ки вақти тӯйи арӯсиам волидонам ба ман туҳфа карда буданд, фурӯхта ба худ ва бачаҳоям чиптаи ҳавопаймо хирадам ба ва Русия парвоз намудем. Бо 4 фарзанд дар мулки бегона он қадар ранҷу азоб кашидам, ки ногуфтанӣ. Барои он ки ба кӯдаконам як бурида нон ёфта диҳам, ҳатто хукхонаҳои мардуми русро бо дастонам тоза мекардам. Парастории пиронсолони маъюбро бар дӯш гирифта, мисли кӯдак нигоҳубин мекардам, тару хушкашонро мегирифтам, оббозӣ медорондам, то ба ҳамсарам дар кашидани аробаи зиндагӣ ёрӣ расонам, вале шавҳарам ба ҷойи он ки ҳамчун мард масъулияти таъмини фарзандонашро бар дӯш бигирад, дар мулки мардум низ фақат духтарбозӣ карда мегашт.
Ҳамин тавр беш аз 10 сол дар мулки рус меҳнат карда, бар замми хӯрондану пӯшондан ва хонондани фарзандонам боз кам-кам пул ҷамъ кардам ва аз шаҳри Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ харидам. Гумон доштам, ки акнун зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва нафаси осуда мекашем, вале шавҳари занбозам дар болоям зани арманӣ гирифта, боз рӯзи маро сиёҳ кард.
Ман, ки ба хиёнату занбозиҳои ин мард аллакай одат карда будам, дилам аз вай мисли ях сард гашта буд ва бало ба пасаш гӯён, аҳамият надодам, вале баъд коре шуд, ки ҳеҷ интизораш набудам.
Тақрибан як сол пас зани арманиаш гӯё аз шавҳари ман писар таваллуд кард ва дар наздаш шарт гузошт, ки агар барои вай хона харида надиҳад, рӯйи писарашро дигар ҳаргиз намебинад. Шавҳарам, ки падар шуда, ба чор фарзанди гул барин зебои худаш заррае меҳру муҳаббат надошт, барои як зани аҷнабӣ ва кӯдаке, ки аз вай будан ё набуданашро ба ғайр аз худо дигар касе намедонист, ҷони ҷавонашро дар хатар гузошта, ба ҷанг рафтааст, то ба зани арманиаш хона харад. Ман инро хеле дер, вақте шавҳарам аллакай дар ҷанг буд, фаҳмидам ва дуд аз димоғам баромад, чунки ҳарчи ҳам набошад, ин мард падари фарзандонам буд ва намехостам ба сараш ягон фалокат ояд, аммо...
Оқибат ба сарам ҳамон балое омад, ки аз он тарс доштам, шавҳарам бе ному нишон гум шуд ва қариб ду моҳ пас ҷисми беҷонашро, ки аз захми тир пора гашта буд, дар тобути оҳанӣ ба Ватан оварданд.
Ҳамин тавр аз рӯйи як зани бегона шавҳарам ҷони ҷавонашро аз даст дода, фарзандонам бе падар шуданд. Айни замон ман боз дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастам, то кор карда, барои хонадор кардани писаронам бо меҳнати ҳалол пул ҷамъ кунам.
Қиссаи талхи ҳаёти оилаамонро ба он хотир нақл кардам, ки тақдири шавҳари беандешаи ман ба дигар мардони тоҷик, махсусан мардони муҳоҷир дарси ибрат гашта, пеш аз оне, ки даст ба ягон кор мезананд, оқибаташро андеша намоянд, ки он роҳ то ба куҷо бурда метавонад.
Бародарони азиз, ҳеҷ гоҳ барои ишқҳои дурӯғин ва пулу мол шуда, ҷонатонро ба хатар нагузоред, зеро қиматтарин ганҷ дар дунё саломатӣ ва ҳаёти одамӣ аст, ки онро дигар бо чизе баргардонида намешавад.
САИДА, аз шаҳри Маскав