Салом! Ман як зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда, мехоҳам саргузаштамро нақл карда, аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.
Дар тӯли даҳ соли зиндагии заношавҳариямон ман чор духтарро ба дунё оварда, умре заҳри таънаву маломати шавҳар, хусуру хушдоман, қайниву қайсингил ва дигар хешу ақрабои ҳамсарамро мечашам. Ҳар дафъаи духтар таваллуд карданам, шавҳарам қаҳр мекунад ва ҳатто ба таваллудхона намеравад. Волидонам маро аз таваллудхона ба хонаи худашон бурда, 40 рӯз нигоҳубин мекунанд, баъд бо кулчаю тӯша ба хонаи хушдоманам меоранд.
Касе дар ин хонадон ба мо рӯйи хуш надиҳад ҳам, модарам «хонаву даратро маҳкам дошта шин, духтарам» гӯён, насиҳат мекунад, ки аз неши забони хушдоман ва қаҳр кардани шавҳарам хафа нашуда, дилёбӣ кунам, то дар ин хона рӯзбар шавам.
Мисли гунаҳкор бо сари хам аз пайи кору бори хонаи шавҳарам шуда, гӯшамро ба карию чашмонамро ба кӯрӣ зада мегардам, вале ғаму ғуссаи зиёд маро дарун ба дарун хӯрда тамом карда истодааст.
Хушдоманам писарча таваллуд кардани ягон келини ҳамсояро шунавад, дардаш аз нав хурӯҷ карда, борони таънаву маломатро ба сарам мерезад ва оби дидаи маро дар бари рӯям мекунад.
Ҳоло боз ҳомилаам. Шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар ин дафъа ҳам духтар зоям, ҳамон рӯз талоқи маро дода, аз дар берун мекунад. Шабҳоро бо гиря саҳар мекунам.
Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Д. М.