Саломи худро ба хонандагони сомона мерасонам. Ман С., сокини яке аз ноҳияҳои наздики пойтахт ҳастам. Маро волидонам дар синни 20-солагӣ ба ҷавоне ба шавҳар доданд, ки қаблан ӯро намешинохтам.
Хонаводаи шавҳарам сарватманданд, дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам, вале шавҳарам бангӣ аст. Аслан ҳар се писарони хушдоманам банг мекашанд, вале хушдоманам инро донад ҳам, гуноҳи писаронашро аз мо- келинҳояш пинҳон мекунад. Тавре аз даҳони авсунҳоям фаҳмидам, ду писари калонии хушдоманам кам-кам ба бангу арақ майл доранд, вале шавҳари ман, ки писари эркаву кенҷагӣ аст, тамоман аз чаҳорчӯбаи одамӣ баромадааст. Ҳанӯз чиллаи арӯсиямон набаромада, шабҳо падару акаҳояш ӯро базӯр ба хона кашолакунон меоварданд.
Хушдоманам ба ҷои он ки аз чунин фарзанд доштанаш шарм кунаду ӯро ба роҳи дуруст дарорад, пайваста аз ман талаб мекунад, ки шавҳарамро “тарбия” кунам. Чанд маротиба кӯшиш кардам, дар ин бора бо шавҳарам ошкоро гап занам, вале дар ҷавоб дағалӣ карда, ба ман нағзакак фаҳмонид, ки агар бори дигар ба корҳояш дахолат кунам, даҳону биниямро зада мешиканад. Ба назарам чунин мерасад, ки шавҳарам умуман маро дӯст намедораду ӯро маҷбуран хонадор кардаанд.
Дар давоми 8 моҳи оиладорӣ боре аз даҳонаш ягон сухани хуш нашунидаам. Хушдоманам маро гунаҳкор мекунад, ки наметавонам шавҳарамро аз ин роҳ баргардонам. Ҳол он ки тавре авсунҳоям мегӯянд, шавҳарам аз хурдӣ ҷӯрабозу кӯчагард буда, аз 15-солагӣ ба чунин роҳ рафтааст, ӯ ҳатто волидонашро писанду манзур намекунад. Хонандаи азиз, магар дар чунин рафтор кардани шавҳарам ман ягон гуноҳ дорам?
С.