Салом. Қабл аз он ки номаи маро мутолиа мекунед, хоҳиш мекунам, маро дуруст дарк намоед.
Ман як зани шавҳардор ҳастам, аммо дар зиндагӣ як мушкилӣ дорам. Шавҳарам марди чиркин асту аз танаш ҳаме ша бӯйи ғализ меояд. Зориву тавалло мекунам, ки оббозӣ карда, таҳпӯшҳояшро иваз кунад, вале ба тозагӣ умуман аҳамият намедиҳад. Ростӣ, чӣ кор карданамро намедонам.
Вақте дар ин бора ба янгаам гуфтам, ӯ маро насиҳат кард, ки зуд-зуд либосҳои шавҳарамро шӯяму ба тоза гаштанаш мусоидат намоям, вале ҳар боре, ки дар бораи тозагӣ гап заданӣ шавам, шавҳарам ба ғазаб омада, маро ҳақорат мекунад. Либоси танашро ҳар бор бо ҷангу ҷанҷол гирифта, мешӯям.
Хоҳиш мекунам, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
С. Л.