Салом! Ман як духтараки навраси 14-сола аз хонандагони рӯзгордидаи сомонаи Оила. тҷ пурсиданиям, охир падару модар-ку вақти ба дунё овардани фарзанд розигии ӯро намепурсанд, пас чаро пас аз таваллуд карданаш “кошки туро намезоидам, кошки дар кӯдакиат мемурди, ки ҷонам халос мешуд, ту барои мо як дарди сари зиёдатӣ ҳастӣ” гӯён, кӯдакони бечораро сарзаниш мекунанд, дашном медиҳанд, мезананд.
Ман ин гапҳоро дар мисоли тақдири худам гуфта истодаам.
Мо дар оила чаҳор фарзанд ва ман духтари калонӣ ҳастам. Дар хона чи коре, ки нашавад, тамоми косаю кӯзаҳо дар сари ман мешикананд. Бародаронам байни худашон ҷанг шаванд, ман гунаҳкор, ҳангоми бозӣ тасодуфан чизеро шикананд, ман гунаҳкор, афтанд ман гунаҳкор. Дирӯз вақти дар мактаб буданам додарчаи хурдиам, ки ҳанӯз сесола ҳам нашудааст, чойники чойи хунукро чаппа кардааст. Баробари аз дар даромаданам модарам халтаи қаҳру ғазабашро ба сари ман рехта, чунон дуоҳои бад кард, ки ҳатто душмани хунии кас ҳам намекунад.
Фақат дуо мекард, як дард буд, вале модари ман бо дашном додану дуо кардан қонеъ нагашта, дар сари қаҳраш бисёр бераҳмона мезанад ва ҳатто бадани моро пучида, сиёҳу кабуд мекунад. Рӯз ё ҳафтае нест, ки аз модарам сарзаниш набинам, дашному ҳақорат нашунавам ё шатта нахӯрам.
Дар 14 соли умрам боре ҳам модарам маро навизиш накардааст ва то ба имрӯз ягон сухани пурмуҳаббатро аз забони модар нашунидаам. Гапаш фақат “кошки туро намезоидам, кошки дар ҳамон кӯдакиат мурда мерафтӣ, ки ҷонам халос мешуд, аз ин рӯзат мурданат беҳтар” ва ба ҳамин монанд суханони таҳқиромез ва дашному ҳақорат аст. Падарам ҳам ба ҷойи насиҳат кардан доим модарамро тарафдорӣ мекунад ва “эй духтар нашуда рав, аз ин ҳолат мурданат беҳтар аст” мегӯяд ва ба захмҳои дилам намак мепошад.
Духтари 14-сола ва қариб қадрас шудаам, тез-тез бо сару рӯйи аз зарби мушти модар сиёҳу кабуд ба мактаб рафта, аз ҳамсинфону дугонаҳоям шарм медорам. Вақте сабаб мепурсанд, рӯям намешавад, ки модарам зад гӯям, ҳамеша баҳона пеш меорам, ки шаб нафаҳмида рӯямро ба дар ё девори хона задам.
Шояд шумо бигӯед, ки хафа нашав, шояд табъи модарат нохуш будааст, ки туро задааст, вале охир наход дар 14 соли дароз ягон рӯз табъи одам хуш набошад, ки як бор фарзандашро ба оғӯш гирифта, меҳрубонӣ кунад ва як сухани пурмеҳр бигӯяд, то дилаш гарм шавад?!
Ростӣ ҷонам аз шатта хӯрдану дашному ҳақорат ва дуои бад шунидан ба лабам расидааст. Дилам мехоҳад бимирам, то ҳам ҷони ману ҳам ҷони модарам халос шавад. Дигар тобу тоқати “шаттатарбия”-и волидонамро надорам. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?