goodwell
Шаш кӯдаки бесаробони тоҷикро аз Русия ба Ватан оварданд
27.11.2026
Оила
25

Шаш кӯдаки бесаробони тоҷикро аз Русия ба Ватан оварданд

Шаш кӯдаки ноболиғи тоҷик, ки дар қаламрави Русия бе парастории волидон монда буданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Дар ин бора Сарконсулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, кӯдакон рӯзи 24 ноябр бо мусоидати мақомоти дахлдори Тоҷикистон ба Ватан фиристода шудаанд.

Гуфта мешавад, бозгардонии онҳо дар доираи созишномаи байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба ҳамкории мақомоти ваколатдор дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғони бесарпараст сурат гирифтааст.

Мақомот дар бораи сабабҳои бе парасторӣ мондани ин кӯдакон ва чанд муддат дар чунин вазъият қарор доштани онҳо маълумот надодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД