Дар ёдгории таърихию меъмории Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сармояи шарикони рушд, аз ҷумла маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудааст.
Бино ба иттилои Мирзошариф Абдусаломов - ваколатдор оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи он корҳои тармимӣ ва дизайни ландшафтӣ анҷом дода шуда, инчунин дар ёдгории таърихӣ ва ҳудуди буферии он тамоми инфрасохтори зарурӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ва меҳмонон таъмин карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи анҷоми корҳоро ширкатҳои байналмилалӣ, аз қабили ширкати муштараки ARS Progetti SPA (Ширкати Итолиёвӣ) ва Институти тадқиқотии байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳия намуда, пудрадчӣ ширкати ватании "СТС-иншоот" мебошад. Раванди корҳо зери назорати доимии мутахассисони соҳа қарор дошта, қисмати асосии корҳо аллакай иҷро шудаанд.
- Ёдовар мешавем, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллат ба ҳисоб рафта, бозгӯкунандаи таъриху фарҳанг ва асолати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, ободу зебо гардонидан ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.